Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни ҳамла дар Фаронса ба 84 нафар расид


Шоми 14 июл дар Ниси Фаронса як ҳамлакунанда мошинро бо суръат ба сӯи одамон ронда 84 нафарро кушт ва даҳҳо нафари дигарро маҷруҳ кард. Он вақт одамон машғули тамошои оташакбозӣ дар “Рӯзи Бастилия”-ҷашни милии ин кишвар буданд.

Мақомот мегӯянд, ки пулис ронандаро ҳадафти тир қарор додааст. Ин мошин тақрибан ду километр аз хиёбоне ҳаракат мекард ва одамонро зер мекард, ки дар он намоишҳои ҷашнӣ идома дошт. Ин ронанда ҳамзамон ба сӯи одамон тир холӣ мекард.

Кристиан Эстросӣ-шаҳрдори Нис гуфт, баъд аз кушта шудани ронанда аз мошин норинҷакандоз ва аслиҳа пайдо шудааст. Баъзе одамон аз тири силоҳ кушта шудаанд.

Эстросӣ дар Твиттери худ навиштааст, “ин хеле фоҷеаи даҳшатовар дар таърихи шаҳри мо мебошад. Ин саҳнаи даҳшат буд”.Эрик Сиоттӣ-узви порламони маҳаллӣ ба матбуоти Фаронса гуфт, “пеш аз он ки пулис мошинро нигоҳ дорад, мошин чандсад нафарро пахш кард”.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки шумораи кушташудагон ба 84 нафар расидааст ва даҳҳо нафар ё то сад нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Баъд аз чанд соати ҳамла даҳҳо ҷасад дар замин мехобид ва рӯи онҳо матои сафед пӯшонда буданд.

Додситонии Порис барои расидагӣ ба ин ҳамла чун ба ҳамлаи террористӣ парванда боз кардааст. Ҳеҷ гурӯҳе низ масъулияти ин ҳамларо бар душ нагирифтааст.

Нишонаҳои ҳамлаҳои баъдӣ ё ҳамлаҳои дигар мушоҳида нашудааст. Бо вуҷуди ин ба сокинон машварат додаанд, ки аз хонаҳояшон берун наоянд.

XS
SM
MD
LG