Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ ва Борис Ҷонсон дар Брюссел мулоқот мекунанд


Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё

Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи 14 июл Борис Ҷонсонро барои дарёфти мақоми вазири умури хориҷии Бритониё табрик гуфт.

Бино ба иттилои вазорати умури хориҷа, Ҷон Керрӣ ва Борис Ҷонсон дар як сӯҳбати телефонӣ тайид карданд, ки робитаҳои хоси миёни Амрико ва Бритониё чун ҳамеша муҳим боқӣ хоҳанд монд. Ба гуфтаи Ҷон Кирбӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, Ҷонсон ба зарурати пуштибонии ИМА аз раванди хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо таъкид намуд.

Ҷон Керрӣ ва Борис Ҷонсон вазъи Сурия ва Ховари Миёнаро ҳам баррасӣ карданд ва дар бораи дидору гуфтугӯ дар нишасти Шӯрои умури хориҷӣ дар Брюссел ба тавофуқ расиданд. Нишасти ин шӯро ҳафтаи оянда баргузор мешавад.

Тасмими нахуствазири нави Бритониё Тереза Мэй дар мавриди раиси идораи сиёсати беруна таъин кардани Борис Ҷонсон, яке аз фаъолони Брекзит, яъне хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо, бисёриҳоро шигифтзада кард.

Филип Ҳаммонд, ҳамакнун собиқ вазири умури хориҷии Бритониё, дар ҳукумати Тереза Мэй мақоми вазири молияро соҳиб шуд. Ӯ рӯзи панҷшанбе изҳор намуд, барои эҳёи эътимод ба иқтисоди Бритониё баъд аз референдуми рӯзи 23 июн, ки дар он бештари бритониёвиҳо аз хурӯҷи кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ карданд, аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад.

Ба гуфтаи вазири молия, барои қабули ягон буҷҷаи фавқулодда зарурате нест, зеро тирамоҳ, таври маъмул, самтҳои асосии сиёсати андоз ва сиёсати сарфи буҷҷа маълум хоҳанд шуд.

Тереза Мэй, ки рӯзи чаҳоршанбе ба ҷойи Дэвид Кэмерон нахуствазири Бритониё таъин шуд, ахиран ба кобинаи вазирон тағйирот ворид кард. Бо фармони ӯ Лиз Трасс аз курсии вазири муҳити зист ба курсии вазири адлия нишаст. Ҷастин Грининг, ки қаблан вазири рушди байнулмилалӣ буд, вазири маориф ва ҳамзамон масоили умури занон таъин шуд.

XS
SM
MD
LG