Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо чӣ "дастовез" ба Маскав меравад?


Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров (акс аз бойгонӣ)
Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров (акс аз бойгонӣ)

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, бо бастаи пешниҳодҳо дар бораи ҳамкориҳои густурдаи низомӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия рӯзи 14 июл вориди Маскав мешавад. Ба ивази ин Вошингтон аз Маскав хостори мутмаин кардани режими Башар Асад барои хатми амалиёти низомӣ дар баъзе аз манотиқи Сурия хоҳад шуд.

Вазорати умури хориҷии ИМА ду рӯз пеш сафари Ҷон Керрӣ ба Маскавро тайид карда гуфта буд, ки ӯ тайи ду рӯз – 14 ва 15 июл бо мақомоти Русия дар робита ба ба бӯҳрони Сурия, қазияи Украина ва баҳси Озарбойҷону Арманистон барои Қарабоғи Кӯҳӣ музокирот хоҳад кард.

Қарор аст, ки Ҷон Керрӣ рӯзи панҷшанбе, баъд аз ҳузур дар тантанаҳо бахшида ба Рӯзи ишғоли Бастилия дар Фаронса вориди пойтахти Русия шавад. Дар бораи ин сафар як ҳафта пеш дар ҷараёни гуфтугӯи телефонии президенти Амрико Барак Обама бо ҳамтои русаш Владимир Путин тасмим гирифта шуда буд.

Рӯзномаи The Washington Post рӯзи 13 июл тарҳи созиш дар бораи ҳамкории низомии Амрико бо Русия дар Сурияро нашр кард ва хабар дод, ки баррасии ин санад дар меҳвари гуфтугӯи Ҷон Керрӣ бо мақомоти Русия қарор хоҳад дошт. Бар пояи созиши таҳиякардаи Вошингтон, Русияву Сурия рӯи ҳамла ба мавқеъҳои гурӯҳҳои мамнӯи “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳаи Ан-Нусра” тамаркӯз хоҳанд кард.

Дар матлаби рӯзнома ҳамчунин ишора шудааст, ки мақомоти ИМА ба Русия ташкили марказ ё ситоди фармондеҳии муштарак - бо ширкати низомиён ва кормандону коршиносони хадамоти кашфи Амрикову Русияро пешниҳод хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки ибтидо Пентагон ба таъсиси ин гуна ситод мухолиф буд – низомиёни амрикӣ мутмаинанд, ки Русия ин созишро барои таҳкими режими раиисҷумҳури Сурия Башор Асад ва заъиф шудани мухолифини давлати Димишқ истифода мекунад.

Баъд аз зарбаи навбатӣ ба шаҳри Ҳалаби Сурия
Баъд аз зарбаи навбатӣ ба шаҳри Ҳалаби Сурия

The Washington Post навиштааст, бино ба пешниҳоди ҷониби Амрико, қарор аст ин марказ - “Гурӯҳи муштараки байнулмилалӣ”, ки дар он низомиёни русу амрикоӣ ҳамроҳ кору зиндагӣ хоҳанд кард, дар канори шаҳри Уммон, пойтахти Урдун мустақар шавад.

Талошҳои қаблии Ҷон Керрӣ барои мӯътақоид сохтани Русия ба мусоидат дар оташбаси тулонӣ миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳи Димишқ ноком буданд. Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии ИМА рӯзи 13 июл гуфт, ки раҳбари идораи сиёсати берунаи кишвар дар мулоқот бо мақомоти Русия бори дигар барои қатъи амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Сурия талош хоҳад кард. Як ҳафта пеш Барак Обама дар сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин изҳори умедворӣ карда буд, ки Маскав бо истифода аз нуфузаш Димишқро барои ба мӯҳлати тулонӣ қатъ кардани амалиёти низомӣ мӯътақоид месозад. Дар он сӯҳбат сарвари Русия, дар навбати худ, аз Обама хоста буд то дар ҷудо кардани ошӯбгарони мухолифи ҳукумати Димишқ аз тундравони гурӯҳҳое чун бахши “Ал-Қоида” дар Сурия ва Ҷабҳаи ан-Нусра кӯмак кунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи 14 июл таийд кард, ки Владимир Путин шоми панҷшанбе Ҷон Керриро ба ҳузур мепазирад, музокироти асосӣ миёни Керрӣ ва Сергей Лавров бошад рӯзи 15 июл баргузор мешавад. Ӯ аз шарҳи хабарҳо дар робита ба пешниҳодҳои Вошингтон оид ба муборизаи муштарак бо гурӯҳҳои мамнӯи “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳаи Ан-Нусра, аз ҷумла таъсиси марказ ё “Гурӯҳи муштараки байнулмилалӣ” дар Урдун сарпечӣ кард ва гуфт, ки ин алҳол фақат хабари рӯзномаҳост ва дар бораи он фақат баъди ироаи расмияшон аз сӯи Ҷон Керрӣ метавон ҳарф зад.

Бори ахир Ҷон Керрӣ моҳи март ба Маскав омада буд. Дар дидору гуфтугӯҳои ӯ бо Путин ва Лавров низоъ дар Донбасс ва Сурия ва сарнавишти халаборни украинӣ Надежда Савченко баррасӣ шуда буд. Баъд аз он Путин барои иваз кардани Савченко ба ду низомии рус Евгениӣ Ерофеев ва Александр Александров дастур дод.

XS
SM
MD
LG