Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин пайвандсозии мағзи устухон дар Тоҷикистон


Ба зудӣ нахустин пайвандсозии мағзи устухон дар Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Саидмаҳмуд Исмоилзода, раиси Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, рӯзи 14 июл бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфт, “ният дорем, нахустин ҷарроҳии пайвандсозии мағзи устухонро дар охири ҳамин моҳ ё аввали моҳи оянда анҷом диҳем”.

Ба гуфтаи Исмоилзода, ин навъи ҷарроҳӣ хеле муҳим аст ва роҳро барои пайвандсозии узви инсонҳо, аз ҷумла мағзи устухони афроде, ки қурбони ҳаводиси мухталиф, аз ҷумла садамаҳо мешаванд, боз хоҳад кард. Аз ҷониби дигар ба таъкиди ӯ, ҷарроҳии ин навъи узви инсон то кунун дар хориҷи кишвар ва бо маблағи ҳангуфт анҷом мешуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон маҷбур буданд, ба кишварҳои дигар бираванд.

Ҳамакнун Саидмаҳмуд Исмоилзода мегӯяд, маркази онҳо талош хоҳад кард, то шароити беҳтареро барои беморон фароҳам оварад, ки онҳо битавонанд дар ин марказ ҷарроҳиашонро ба роҳ монанд.

Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон муддати шаш моҳи соли ҷорӣ 45 мавриди ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳоро анҷом додааст. Ҳамчунин дар ин марказ ду амали пайвандсозии ҷигар низ сурат гирфтааст. Ба гуфтаи Исмоилзода, миёни беморон шаҳрвандон аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Қирғизистон, Туркманистон, Русия, Озарбойҷон ва Либия низ будаанд.

XS
SM
MD
LG