Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба Эмомиддин гурдаи модарашро пайванд карданд


Эмомиддин Холов.

Эмомиддин Холов.

Пизишкони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон амали пайванди гурдаро барои Эмомиддин Холов -- сарбозе, ки аз норасоии шадиди гурда ранҷ мебурд, анҷом доданд. Пизишкони ин марказ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки амали ҷарроҳӣ субҳи рӯзи 14-уми июл бомуваффақият анҷом ёфт.

Бозоралӣ Назаров, мудири шӯъбаи эҳёи Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон мегӯяд, пизишкони ин марказ Эмомиддин Холовро муддати як моҳ барои амали ҷарроҳӣ омода карданд ва ҳоло пас аз анҷоми ҷарроҳӣ ҳоли ӯ хеле хуб аст: “Амали ҷарроҳӣ бомуваффақият гузаронида шуд. Дар вақти ҷарроҳӣ ягон авориз мушоҳида карда нашуд ва ҳоли бемор ва донор комилан хуб аст ва акнун пас аз ҷарроҳӣ дар шӯъбаи эҳё қарор доранд ва кам кам ба худ меоянд.”

Амали ҷарроҳии Эмомиддин ҳудуди се соат идома ёфт. Ҳангоме, ки мо ба аёдати Эмомиддин рафтем, ӯ ва модараш дар шӯъбаи эҳё қарор доштанд. Наҷафмоҳи 60-сола -- модари Эмомиддин, ки як гурдаи худро ба писараш бахшида аст, дар ҳолати беҳушии пас аз амал қарор дошт.

Аммо Эмомиддин ба худ омада буд ва тавонист барои чанд дақиқа бо мо сӯҳбат кунад. Вай, ки ҳамакнун пас аз азоби тӯлонии норасоии гурда тавонист наҷот ёбад, хеле хушҳол аст ва аз тамоми пизишкону афроде, ки аз лиҳози молӣ барояш кумак карданд, изҳори ташаккур кард.

Вай гуфт: “Худоро беандоза сипосгузорам, ки акнун худро хуб эҳсос мекунам. Пеш аз ҷарроҳӣ ҳолам он қадар хуб набуд. Раҳмат ба табибон! Миннатдории худро барои тамоми шахсоне, ки ҳатто як зарра ҳам бароям кӯмак карданд, баён мекунам. Худованд хубиашонро дучанд карда баргардонад.”

Пизишкони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон мегӯянд, ҳамакнун пас аз амали ҷарроҳӣ Эмомиддин Холов метавонад ҳама гуна ғизоро истеъмол кунад ва аз фардо шурӯъ ба роҳ рафтан намояд.

Ба гуфтаи пизишкони ин бемористон, ба ҷуз амали ҷарроҳии Эмомиддин, онҳо айни замон се нафари дигарро, ки шаҳрвандони Озарбойҷон ҳастанд, ҷарроҳии пайванди гурда кардаанд.

Эмомиддин Холов, сокини деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт, моҳи майи соли 2015 ба хотири табобати гурдаҳои бемораш ба пойтахт омад, аммо кормандони комиссариати ҳарбӣ ӯро дастгир карда ба артиш бурданд.

Хизмати ӯ дар қисми низомии шаҳри Хоруғ ҳамагӣ 12 рӯз идома кард ва баъди хуруҷи бемории гурдаҳояш ӯро аз артиш ҷавоб доданд. Ҳамин тавр, ҳарду гурдаи ӯ аз кор монданд ва Эмомиддин бо диализ зинда монда буд, чизе, ки нақши гурдаро иҷро мекунад.

Наҷафмо Шоева, модари 60-солаи Эмомиддин пас аз ин ки барояш донор пайдо нашуд, розӣ ба эшдои як гурда фарзандаш шуд. Ба гуфтаи пайвандонаш барои амали ҷарроҳии Эмомиддин 40 ҳазор сомонӣ сарф шуд, ки 20 ҳазораш аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ буд ва 20 ҳазори дигараш аз ҳисоби кӯмаки афроди хайрхоҳ ҷамъ гардид.

Зимнан, хонаводаи Эмомиддини 22-сола бузург буда, 9 бародару хоҳар ҳастанд ва зиндагии фақирона доранд.

​Қазияи Эмомиддини бемор ва ба сафи артиш кашида шудани ӯ яке аз мавзӯъҳои доғ дар матбуоти Тоҷикистон шуд. Баъд аз ин Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли равон чаҳор корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахтро барои "хунукназарӣ" дар иҷрои масъулият аз 7 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Ин афрод Эмомиддин Холовро тирамоҳи соли 2015 бо вуҷуди бемории гурдаҳояш саломат нишон дода, ба хизмати артиш фиристодаанд. “Хунукназарие”, ки ҷони як ҷавонро дар хатар гузошт.

XS
SM
MD
LG