Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон қотили шогирдони мактаб кушта шуд


Бино бар иттилои фармондеҳии ҳарбии Покистон, роҳнамои ҳамлаи мактаби низомии Покистон дар соли 2014, ки наздики 150 кушта бар ҷой гузошт, дар як ҳамлаи бесарнишини амрикоӣ дар Афғонистон кушта шудааст.

13 июл Пентагон ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, роҳбари толибон Халифа Умар Мансур ва чаҳор ҷангҷӯи дигар дар вилояти Нангарҳор дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шудаанд.

Мансур, ки ҳамчунин бо лақабҳои Холид Хуросонӣ ва Умар Нарай маъруф буд, масъулияти фиристодани маргталабонро ба мактаби Пешовари Покистон ба зима гирифта буд. Аз 150 кушташуда 144 тани онҳо ноболиғон буданд. Мансур ҳамчунин масъулияти ҳамлаи донишгоҳи шимолу шарқи Покистонро ба зима гирифт, ки ибтидои имсол рух дода буд. Дар ҳамлаи охир 21 донишҷӯ ва омӯзгор кушта шуд.

XS
SM
MD
LG