Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба осебдагони Муғулистон кумак мерасонад


Қазоқистон ба оилаҳои зарардида аз офати табиӣ дар шаҳри Баян-Улгийи Муғулистон кумаки башардӯстона мефиристад. Дар ин бора Карим Масов, сарвазири Қазоқистон дар саҳифаи Твиттераш хабар додааст.

Рӯзи 10 июл дар пайи омадани сел дар шаҳри Баян-Улгийи Муғулистон, ки наздики 150 ҳазор сокини қазоқ дорад, садҳо манзили зист хароб ва ҳудуди 700 нафар бесарпаноҳ монда, ду сокин ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои воситаҳои ахбори оммаи расмӣ, сарвазири Қазоқистон рӯзи 12 июл бо ирсоли як номаи шодбошӣ Жаргалтулгин Эрдэнэбатро барои интихоб шуданаш ба мансаби сарвазирии Муғулистон табрик намудааст.

Сарвазири Қазоқистон ҳаҷми ин кумаки башардӯстонаро ба осебдидаҳои Баян-Ульгий зикр накардааст. Аммо гуфтааст, дастури кумак ба сокинони қазоқтабори Муғулистонро Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон додааст.

XS
SM
MD
LG