Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: "30% духтарони тоҷик аз таҳсили миёна дуранд"


Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, ки 30 дарсади духтарони тоҷик аз таҳсили миёна дуранд. Ин матлабро Лучия Елми, раиси Бунёди афтоли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл зимни муаррифии гузориши солонаи ЮНИСЕФ бо номи “Вазъи кӯдакони ҷаҳон дар соли 2016”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён дошт. Ба гуфтаи ин масъули Бунёди афтоли СММ, духтарони тоҷик маъмулан дар синфҳои ибтидоӣ дар дарсҳо иштирок намуда ва аз синфи чаҳор ва нӯҳ дигар ба мактаб намераванд. Дурии роҳ, шароити хонаводагӣ ва ҳоҷатхонаҳои муштарак, ки бо фарҳангӣ бумӣ созгор нест, аз сабабҳои дур мондани таҳсили духтарони тоҷик аз таҳсил дар мактабҳои миёна будааст. Тибқи ин гузориш, вазъи таҳсили писарон дар Тоҷикистон ҳам чандон қаноатбахш нест ва 20 дарсад аз таҳсили миёна дур будаанд.

XS
SM
MD
LG