Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири нави Бритониё корро оғоз кард


Баъди қабули истъефои Дэвид Кэмерон аз сӯи малика Елизаветаи II, раиси Ҳизби муҳофизакори Бритониё Тереза Мэй расман ба мақоми сарвазирии ин кишвар таъйин гардид.

Мэй ваъда додааст, ки баъди хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо "беадолатии рӯзафзун" мубориза мебарад ва "Бритониёи беҳтаре месозад". Вай ҳамчунин гуфт, талош мекунад, ки миёни Бритониё ва Уэлс, ки ба ҷонибдории хориҷ шудан аз ИА раъй доданд ва ҳамчунин Шотландияву Ирландияи Шимолӣ, ки зидди хориҷшавӣ буданд, ваҳдатро ҳифз кунад.

Мэй ҳамчунин ваъда дод, ки бозори молиро муътадил хоҳад гардонид. Шуруъ аз рӯзи 23 июн, ки Бритониё раъйпурсӣ анҷом дод, ин бозор номуътадил аст. Дар девони вазирони Мэй як мақоми нав - вазир дар умури хориҷ шудан аз ИА ташкил мешавад.

Раиси комиссияи ИА Жан-Клод Юнкер аз Мэй даъват кард, ки ҳар чӣ барвақттар бо Брюссел гуфтугӯро шуруъ кунад. Пештар аз ин сарвазири нави Бритониё гуфта буд, ки эҳтимол шуруъи хориҷшавиро то соли 2017 мавқуф мегузорад. Ин раванд набояд бештар аз ду солро дар бар гирад.

XS
SM
MD
LG