Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби гузашта гурӯҳи муҳоҷирони тоҷику узбак дар рустои Кудрово дар канори шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо ҳам занозанӣ кардаанд. Дар пайи ин занозанӣ чанд нафар дастгир шуда, як муҳоҷирро ба бемористон интиқол додаанд.

Мақомоти умури дохилаи шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия мегӯянд, шаби гузашта, соати тақрибан 03:40, дар яке аз сохтмонҳои рустои Кудровои ноҳияи Всеволожское байни муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Узбакистон занозании гурӯҳӣ шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии пулиси минтақавӣ, дар натиҷаи ин низоъ як нафар бо ҷароҳатҳои сабук бистарӣ шудаааст. Манбаъ мегӯяд, кормандони пулис зуд ба ҷои ҳодиса расида, тарафҳои даргирро аз ҳам ҷудо ва чанд нафарро дастгир кардаанд. Пулиси Петербург гуфтааст, ҳоло масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҳодиса баррасӣ мешавад ва муҳоҷирони дастгиршударо ғолибан ҳукми ихроҷ аз қаламрави Русия ҳам мунтазир аст.

Пулис аз ироаи теъдоди мушаххаси иштирокунандагони занохании ахир дар Кудрово худдорӣ кард, вале ба гуфтаи шоҳидон, дар занозанӣ дар Кудрово даҳҳо нафар ширкат кардаанд.

Бархе расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки муҳоҷирон ҳангоми таҷлили зодрӯзи яке аз онҳо дар ҳолати мастӣ ба ҳам дарафтодаанд. Бино ба бархе гузоришҳо, нафари ба бемористон мунтақилшуда коменданти хобгоҳ будааст, ки барои манъи муҳоҷирон аз таҷлили пурсарусадои зодрӯзи ҳамкорашон латукӯб шудааст.

Танҳо дар ду ҳафтаи охир ин алакай дувумин мавриди занозанӣ дар сохтмонҳои рустои Кудрово дар канори шаҳри Петербург мебошад. Шаби 27 ба 28 июн дар ин минтақа байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон ва як гурӯҳи зодагони ҷумҳурии Доғистони Русия низ занозанӣ сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG