Пайвандҳои дастрасӣ

Меъмориҳои қадимаи Шаҳрисабз дар хатар аст


Тахриби хонаҳо дар Шаҳрисабз

Тахриби хонаҳо дар Шаҳрисабз

Кумитаи мероси ҷаҳонии СММ Шаҳрисабзро, ки дар қаламрави Узбакистон аст, ба феҳристи маконҳое даровард, ки ба сабаби зиёдаравӣ дар корҳои сохтмонӣ дар феҳристи мероси зери хатар қарор доранд.

13 июл ин кумита гуфт, аз тахриби меъмориҳои қадима, ки муттааллиқ ба асрҳои миёна аст ва маҳали диду боздидҳои ҷаҳонгардон ба шумор меравад, нигарон аст. Кумита мегӯяд, сохтмони меҳмонсароҳо ва биноҳои муосир намуди зоҳирии Шаҳрисабзро ба таври баргаштнопазир тағир додааст.

Кумитаи мероси ҷаҳонии СММ аз ЮНЕСКО хостааст, ки ба ин шаҳр ҳайатеро бифиристад, то вазъро биомӯзад ва барои ислоҳи он пешниҳодҳои худро матраҳ кунад.

Шаҳри қадимии Шаҳрисабз дар сари роҳи абрешим ҷой гирифтааст ва таърихи 2 ҳазор сола дорад. Ин шаҳр дар қарнҳои 14 ва 15 маркази сисёсиву фарҳангии Кеш буд.

XS
SM
MD
LG