Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаш моҳ Тоҷикистон 11 ҳазор бор ҷунбидааст


Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон

Масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар 11 ҳазор заминларза ба қайд гирифта шудааст. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо, 14 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бинобар ин, талош доранд, ки кори пойгоҳои зилзиланигории кишварро тақвият бахшида, ин муассисаро бо таҷҳизоти навтарин таъмин кунанд. Ӯ гуфт, "дар маҷмуъ, дар як соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 26 ҳазор бор замин ҷунбидааст." Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шудааст. Охирин заминларзаи шадид, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро такон дод, шаби 25 ба 26 декабри соли гузашта рух дода буд. Аммо дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 7 декабри соли гузашта, ки низ Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояаашро такон дод, садҳо манзил дар Бадахшони Тоҷикистон, бештар аз ҳама дар водии Бартанг тахриб шуд.

XS
SM
MD
LG