Пайвандҳои дастрасӣ

Ин рӯзҳо дар Тошканд музокироти ҷонибҳои Қирғизистону Узбакистон барои ҳалли масъалаи додугирифти барқ идома дорад. Қирғизистон ҳамзамон талош дорад, то поёни ҳафтаи ҷорӣ дар бораи воридоти барқ аз Тоҷикистону Қазоқистон низ тавофуқ ба даст ояд.

Коршиносон мегӯянд, талошҳо дар бораи додугирифти барқ миёни кишварҳои минтақа гувоҳӣ медиҳад, ки ин кишварҳо дар роҳ ба сӯи эҷоди низоми нави ҳамкорӣ ҳастанд. Низоме, ки тақрибан ба низоми даврони Шӯравӣ монандӣ хоҳад дошт.

Раимбек Мамиров, муовини пешини вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон мегӯяд, иқтисод бо роҳи худ пеш меравад ва қоидаҳои рушди худро дорад. Ӯ гуфт, “наметавонам бигӯям, ки ин низом ҳамин рӯз ҷорӣ мешавад, вале комилан бовар дорам, ки шояд баъди 10 сол низоме шабеҳи низоми пешин барқарор шавад ва мо аз он ҷои гурез надорем. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо содда нестанд. Онҳо ин марҳиларо тай кардаанд. Агар кишваре барқи изофӣ дошта бошад, чаро ба ҳамсоя надиҳад? Чаро кишвари дигар шабакаҳои барқ дуруст мекунад, то истиқлоли энержии худро ба қавле “исбот” кунад ва бо ангишту газ нирӯгоҳҳои барқӣ бунёд мекунад, вақте ки барқи безарари обӣ мавҷуд аст?”

Мамиров ҷорӣ шудани низоми навро ба раҳбарони ҷавони оянда дар минтақа вобаста медонад, раҳбароне, ки ба рушди иқтисод назари дигар хоҳанд дошт.

Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Қамбарота дар Қирғизистон

Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Қамбарота дар Қирғизистон

Узбакистону Қазоқистон ба сохтмони нирӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон мухолифат мекунанд ва мегӯянд, ки кишварҳои поёноб ба мушкили таъмини об рӯ ба рӯ мешаванд. Вале рафъи чунин мушкил пойбанди иродаи сиёсии кишварҳои минтақа шудааст.

Дар охирҳои солҳои 90-ум ва аввали солҳои 2000-ум кишварҳои минтақа рӯҳияи тобеъ будан ба як марказ, яъне ба Маскавро тадриҷан фаромӯш карданд ва рақобатҳои бузургманишӣ падид омад. Онҳо барои нишон додани истиқлоли худ дар ҳар арса қадам ба қадам аз доираҳои муштараки низоми пешин берун меомаданд. Хуруҷ аз шабакаи умумии барқрасонии Осиёи Миёна аз ҷумлаи он буд.

1 декабри соли 2009 Узбакистон расман эълон кард, ки аз шабакаи умумии барқи Осиёи Миёна хориҷ мешавад. Туркманистон ин шабакаро соли 2003 тарк карда буд. Ба ин тартиб, баъд аз хуруҷи Узбакистон аз ин шабака Тоҷикистон аз дарёфти 1,2 млрд кВт/соат барқи Туркманистон маҳрум шуд, зеро Узбакистон дигар намехост тавассути шабакаҳои худ барқи Туркманистонро ба Тоҷикистон интиқол диҳад.

Низоми додани барқ ба минтақаҳои ҳаммарзи кишварҳои ҳамсоя низ аз ҳам пошид. Ин кишварҳо аз минтақаҳои марказии худ ба чунин минтақаҳо хатти интиқоли барқ кашиданд. Тоҷикистон низ водор шуд, то хатти интиқоли барқи Шимол-Ҷанубро созад, ки он барои ҳадафҳои дигар низ истифода хоҳад шуд. Узбакистон хатти Тошканд-Ғузорро сохт.

Георгий Кошлаков, муовини пешини нахуствазири Тоҷикистон, мегӯяд, ҳифзи шабакаи умумии барқи Осиёи Миёна барои Тоҷикистон муфид буд ва ин низоми таъмини барқ дар шакле бояд барқарор шавад. “Кишварҳои муттамаддини пешрафта роҳҳои чунин ҳамкориҳоро пайдо кардаанд ва аз он фоида мегиранд. Кишварҳои Аврупои Марказиро бибинед, масалан Шветсария, Фаронса, Олмону Австрия. Хеле барвақт онҳо низоми таъмини барқи байни якдигариро ҷорӣ карда буданд. Барои ҳамин ҳеҷ суол набояд матраҳ шавад, ки низоми нави таъмини барқи минтақаи Осиёи Миёна зарур аст ё нест? Ҷавоб фақат якто метавонад бошад, ки бале зарур аст,” – гуфт Кошлаков.

Вале Георгий Кошлаков таъкид мекунад, ки дар ҳар қисмати сайёра манобеи сӯхт ё захираҳои энержӣ ҳамеша сабаби рақобат ва ҳатто даргириҳо шудаанд. Барои ҳамин, ҳеҷ кишвар набояд дар минтақа иродаи худро ба дигаре таҳмил кунад. Ин масъала танҳо масъалаи созиш аст.

Коршиносон мегӯянд, ҳеҷ кишвар набояд бигӯяд, ки ман ба дигаре барқ намедиҳам ё дигарӣ бигӯяд, ки ман об намедиҳам. Ин роҳ ба бунбаст мебарад.

Бо сохтани нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар обанбори он аз 6 то 7 миллиард метри мукааб об захира мешавад ва дар Қирғизистон бо сохтани нирӯгоҳҳои Қамабаота-1 ва Қамбарота-2 то 5 миллиард метри мукааб об захира хоҳад шуд, ки дар мавсими обёрӣ онро барои бахши кишоварзӣ истифода мекунанд.

Анвармирзо Ҳусайнов, вазири пешини энержӣ ва нафту гази Узбакистон, мавзеъгирии мухолиф дорад ва мегӯяд, сохтмони нирӯгоҳҳои бузург дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистону Қирғизистон ва захира кардани об дар ин обанборҳо аслан зарур нест. Вай таъкид мекунад, ки бояд низоми пешини Шӯравӣ ҳатман барқарор шавад. Бо назардошти ин нукта, ки захоири сӯхт, яъне нафту газ дар Узбакистон беохир нахоҳад буд, вай пешгӯӣ мекунад, ки Узбакистон дар даҳ соли оянда имкони оғози нирӯгоҳи барқи атомиро дорад.

Вале дар марҳилаи кунунӣ ҳукумати Қирғизистон ба бахши энержии худ дастур додааст, ки бо ҳукумати Тоҷикистон дар бораи додугирифти барқ дар зимистону тобистон ба тавофуқ расанд ва об беҳуда берун аз чархаҳои тавлиди барқ сар дода нашавад. Ин масъалаест, ки Тоҷикистон ҳам ба он майл дорад.

XS
SM
MD
LG