Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири тандурустӣ: Мо ҳам хато мекунем. ВИДЕО


Нусратулло Салимзода

Нусратулло Салимзода

Аз ин ба баъд пизишкони тоҷик бояд ҳангоми иҷрои вазифаи худ аз эҳтиёт кор бигиранд, зеро як иштибоҳ метавонад, дараҷаи тахассуси онҳоро поён бурда ба ҷайбашон зарба занад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ин тасмимро ба хотири ҷилавгирӣ аз иштибоҳҳои пизишкон гирифтааст.

Таъкиди вазорат дар ҳолест, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 68 корманди соҳаи тиб аз тарафи Хадамоти назорат дар соҳаи тибби кишвар барои иштибоҳи техникию тактикии тиббӣ ҷазои маъмурӣ гирифта ва 42 тани дигар аз 400 то 1600 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Аммо Ғафурҷон Муҳсинзода, раҳбари Хадамоти назорати давлатии фаъолият дар соҳаи тиб, 13 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар ин давра ҳолати фавти беморон дар пайи иштибоҳи табибон сабт нагардидаст. Вай гуфт, муносибати духтурон бо беморон яке аз самтҳои кори ин ниҳод аст ва ба хотири пешгирии мавридҳои иштибоҳи пизишкон вазорат тасмим гирифтааст, дараҷаи тахассуси онҳоеро, ки дар пайи иҷрои вазифаашон ба иштибоҳ роҳ додаанд, поён барад.

Ғафурҷон Мӯҳсинзода

Ғафурҷон Мӯҳсинзода

Муҳсинзода гуфт: “Хадамот чор намуди иштибоҳи тиббӣ – ташхисӣ, тактикӣ, техникӣ ва ташкилиро назорат мекунад.Агар фаъолияти табиб аз стандарт ва дастурамалҳое, ки вазорати тандурустӣ тасдиқ кардааст ва имкониятҳои ташхисию табобатие, ки Тоҷикистон дорад, фарқ кунад, дар ин ҳолат кори ӯ иштибоҳ дониста шуда табиб ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”.

Ба гуфтаи Муҳсинзода, хадамоти назорати давлатии тиббӣ дар баробари шикояти сокинони норозӣ аз кори пизишкон, ҳамчунин вазъи беҳдошт дар кишвар ва фаъолияти муассисаҳои тандурустиро тафтиш мекунад. Ӯ гуфт, “ҳатто бо раҳбарони муассисаҳои тиббӣ ҳамкорӣ мекунем ва муайян мекунем, ки кадом табиб беморро иштибоҳ ташхис кардааст. Ҳар ҳафта то чор ҳолат ҳам баррасӣ ва пешгирӣ мешавад”.

Дар ҳамин ҳол Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ин робита изҳор дошт, ки воқеан табибони тоҷик баъзан ба хатоӣ роҳ медиҳанд ва илова намуд, ки чунин қазияҳо аз ҷониби Комиссияи махсуси вазорат дар ҳайати мутахассисони ботаҷриба таҳқиқ мешавад. Салимзода аз ошкор шудани ҳолатҳои иштибоҳи пизишкон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, дар пайи иштибоҳҳое, ки инсон ба ҳалокат мерасад, пизишкон танҳо ҷарима мешаванд, ки ноадолатист.

Таҳти назорати ҷиддӣ гирифтани фаъолияти табибон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз хидматрасонии тиббӣ шикояти зиёд мекунанд ва ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки бархе сокинон аз ҳалокати наздикони худ дар натиҷаи иштибоҳи духтурон ба расонаҳо шикоят мекунанд.

Абдулваҳҳоб Каримов

Абдулваҳҳоб Каримов

Абдуваҳҳоб Каримов, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе, ки пас аз як садамаи нақлиётӣ ҷарроҳӣ шуд, иддао дорад, дар пайи иштибоҳи табибон ҳангоми ҷарроҳӣ сутунмуҳрааш дигарбора шифо наёфт ва ҳоло аз пойи равон мондааст.

Назокат Ҳалимова, як сокини шаҳри Турсунзода ҳам мегӯяд, духтари 33-солааш ҳангоми таваллуди фарзанд дар пайи бемасъулиятии табибони зоишгоҳ ба ҳалокат расидааст. Ӯ табибони зоишгоҳро дар он айбдор кард, ки дар ҳолати “стресс”-и шадид духтари ӯро ба ҷои кумак, муҷозот карданд. Вай гуфт, вақте духтараш пас аз шунидани хабари марги тифли навзод ба нолаву шеван даромад, пизишкон ҳолати ӯро нодида гирифта, баъдан дар ҳуҷраи алоҳида маҳкам карданд ва соатҳо аз ҳолаш хабар нагирифтанд. Дар натиҷа, ба гуфтаи Назокат, духтараш гирифтори бемори вазнин шуда фавтид. Аммо ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар пайи ин ҳодиса ва ҳатто шикояти ӯ касе аз пизишкон ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Зимнан, ду соли пеш ҳам айни чунин ҳодиса дар шаҳри Хоруғи Бадахшон рух дод. Мумтоз Ширинбековаи 26-сола дар пайи таваллуди фарзанд, дар зоишгоҳи шаҳри Хоруғ даргузашт. Зарина Қурбонмаҳмадова, ки он рӯз масъулияти пизишки навбатдорро бар ӯҳда дошт, дар марги Мумтоз бо иттиҳоми “хунукназарӣ” айбдор дониста шуд. Аммо баъд аз чаҳор моҳи ин ҳодиса додгоҳи шаҳри Хоруғ пизишк Зарина Қурбонмаҳмадоваро афв намуд.

Мумтоз Ширинбекова

Мумтоз Ширинбекова

Аммо бархе аз табибон мегӯянд, онҳое, ки ба кори худ содиқанд, кам нестанд ва кумак ба афроди беморро вазифаи ҷонии худ медонанд. Аз ҷумла, Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 13 июл дар нишасти матбуотиаш дар Душанбе гуфт, “фаромуш накунед, ки ҳамаи духтурон ин хел нестанд. Агар гӯем ки ҳама табиб муносибати дағал дорад, пас ки моро табобат мекунад?”

Дар ҳамин ҳол коршиносон як роҳи раҳоӣ аз иштибоҳҳои тиббиро дар риоя шудани савганди Ҳиппократ ва аз тарафи дигар афзоиши дастмузди табибон медонанд. Онҳо мегӯянд, маоши бештар дили табибонро ба касби худ гармтар карда ва муносибати онҳо бо беморонро беҳтар хоҳад намуд.

XS
SM
MD
LG