Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

215 ҷарроҳии табдили гурдаву ҷигар


Нусратулло Салимзода
Нусратулло Салимзода

Маркази миллии табдили аъзои бадан мегӯяд, аз соли 2011 ба ин сӯ дар Тоҷикистон 200 ҷарроҳии табдили гурда ва 15 ҷарроҳии табдили ҷигарро анҷом додаанд. Тайи 6 моҳи аввали соли равон дар ин марказ 41 ҷарроҳии гурда ва ду ҷароҳии ҷигар анҷом шудааст. Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода рӯзи 13 июл дар нишасти хабарии ин вазорат ҳамчунин гуфт, ки дар моҳи август дар Тоҷикистон барои нахустин бор ҷарроҳии устухони мағзи сарро анҷом хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG