Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Иттиҳодияи эстрадии “Узбекнаво”-и Узбакистон ба овозхони ҷавон Тамила "маслиҳат" додааст, ки ба бемористон рафта, аз назари табиби равоншинос гузарад.

Раҳбарони иттиҳодияи эстрадии “Узбекнаво”-и Узбакистон овозхони ҷавон Тамиларо барои чанд аксу видеои “бешармона” комилан аз муҷаввизи фаъолият маҳрум кардааст. Расонаҳо навиштанд, ки мудири кулли “Узбекнаво” Фарҳод Ҷӯраев ба Тамила машварат додааст, ки ба ҷои ҳунарнамоӣ ба табибон муроҷиат кунад.

Фарҳод Ҷӯраев аз ҷумла дар сӯҳбат бо расонаи интернетии Podrobno.uz гуфтааст, “Тамила ҳеҷ гоҳ муҷаввиз намегирад ва шумо худатон медонед, барои чӣ? Ӯзоҳиран аз хурдӣ кадом мушкилоти марбут ба худбинӣ дошт ва ҳолаш хуб нест. Ӯ бояд на ба саҳна, балки ба шифохона пеши равоншинос биравад.” Фарҳод Ҷӯраев гуфтааст, ки чанде қабл бо Тамила пиромуни мавзӯи баргаштанаш ба саҳна сӯҳбат карда, вале бори дигар мутақоид шудааст, ки ин корро набояд кард. Ба гуфтаи раҳбари “Узбекнаво”, ӯ шахсан ба ин овозхон маслиҳат додааст, ки ба табиб муроҷиат кунад.

Аммо ҳанӯз хабари расмӣ дар бораи комилан аз иҷозати фаъолияти овозхонӣ маҳрум шудани Тамила (номи аслиаш – Эсмералда Раҳматова) дар сомонаи “Узбекнаво” нашр нашудааст. Вокуниши худи овозхон низ ҳанӯз дастрас нашудааст.

“Узбекнаво” рӯзи 1 феврал муҷаввизи Тамиларо барои он лағв кард, ки дар шабакаи иҷтимоии Telegram ду видео бо ширкати ӯ нашр шуд. Дар яке аз ин видеоҳо, вақте аз овозхон мепурсанд, ки ӯ қабл аз ҳунарпешагӣ чӣ кор мекард?, шимашро кашида, пушташро ба камера нишон медиҳад. Дар видеои дувум як зани ҷавон, ки худро ҳамчун овозхон Тамила муаррифӣ мекунад, тани унён дар кӯча мегардад ва низ хам шуда, пушташро ба камера нишон медиҳад.

“Узбекнаво” моҳи феврал гуфта буд, ки иҷозатномаи фаъолияти Тамиларо ба далели аз сӯи овозхон вайрон шудани “талабот ва шароити қарордод” бекор кардааст.

Худи Тамила бо нашри як видеои дигар гуфт, видеои “бешармона”-и гӯё бо ширкати ӯ қалбакист.

Рафтори ин овозхон баҳсҳои гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Бархе корбарон аз овозхон тарафдорӣ карданд. Онҳо мегуфтанд, “чаро овозхонро бояд ҷазо диҳанд, на нафареро, ки ин сӯҳбати маҳрамонаро сабт ва дар шабакаҳо нашр кардааст?” Рӯзи 5 феврал дар Фейсбук ҳатто гурӯҳи наве бо номи “Ju suis Tamila” (“Ман Тамилаам”) ба тарафдорӣ аз ин овозхони ҷавон ташкил шуд. Аммо гурӯҳи дигар аз ӯ башиддат интиқод мекарданд, ки рафтораш хилофи ахлоқест, ки намояндаи як фарҳанги шарқӣ бояд ба он амал кунад.

Ба дунбол, иттиҳодияи эстрадии «Узбекнаво» бо нашри изҳороти наве ҳунармандони узбакеро, ки ба тарафдорӣ аз ин ҳампешаи худ садо баланд карданд, ба интиқод кашид.

Аммо “Узбекнаво” чӣ ширкатесту барои чӣ ташкил шудааст? Ва оё дасти дарози дахолати ин идора ба фаъолиятҳои ҳунармандони Узбакистон танҳо бо ҷилавгирӣ аз рафторҳои ба истилоҳ “бешармона”-е, чун дар мавриди Тамила, маҳдуд мешавад ваё “Узбекнаво” як василаи сонсури сиёсӣ дар низоми худкомаи Узбакистон ҳам ҳаст? Ин суолҳоро дар як гуфтугӯ бо шореҳи бахши узбакии Радиои Озодӣ Сироҷиддини Ислом дар миён гузоштем.

Сироҷиддини Ислом: “Узбекнаво” соли 2001 бо фармони раисиҷумҳур Ислом Каримов ташкил шудааст. Ин иттиҳодия салоҳияти як вазоратро дорад. Вазифаи асосиаш ҳамоҳанг сохтани кору фаъолияти овозхонҳову раққосаҳо ва навозандаҳои Узбакистон ва мусоидат ба пешрафти санъати маҳаллӣ ва эстрадаи Узбакистон мебошад. Барои ҳамин саъйу кӯшиш мекунад гӯё. Вале дар асл, ба гуфтаи аксари санъаткорон, “Узбекнаво” як василаи сонсур аст, ки фаъолияти ҳунармандони узбакро назорат мекунад.

Радиои Озодӣ: Дар мавриди Тамила рафтори гӯё “бешармона”-и вайро сабаб оварданд. Вале дасти дахолати “Узбекнаво” танҳо бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ маҳдуд мешавад ваё аз ин фаротар меравад?

Сироҷиддини Ислом: Ин идора тамоми фаъолияти ҳунармандони узбакро зери назорат дорад. Ҳунармандон дар Узбакистон бидуни иҷозатнома ҳаққи фаъолият надоранд – на дар консертҳои расмӣ ва ҳатто на дар тӯю маъракаҳои мардум. Иҷозатномаро танҳо “Узбекнаво” медиҳад. Ин иҷозатнома дар вилоятҳо солона 2 миллион сӯми узбакӣ, муодили тақрибан 300 доллар, ва дар марказ, шаҳри Тошканд боз ҳам қиматтар аст. Салоҳияти пешбарӣ ба унвонҳои расмӣ, ба мисли Ҳунарпешаи шоиста, ё Ҳунарпешаи мардумӣ ва ҳатто салоҳияти ба консертҳои расмӣ ваё ба минбари телевизион роҳ додан ё надодани ҳунармандон ҳам дар дасти “Узбекнаво” мебошад. Онҳое, ки аз иҷозатнома маҳрум шаванд, наметавонанд на дар телевизион, на дар радио ва на дар тӯю маъракаҳои мардум баромад кунанд. Азбаски манбаи даромади аксари ҳунармандон дар Узбакистон ширкат дар тӯю маҳфилҳои хусусӣ аст, ҳар ҳунарманд маҷбур аст, ки бо “Узбекнаво” ва маъмурони он равобити ҳасана барқарор кунад, вагарна аз иҷозатнома ва ба ин тартиб, аз нони даҳонаш маҳрум мешавад.

Радиои Озодӣ: Оё буд мавридҳое, ки ҳунармандонро ба далелҳои сиёсӣ аз ҳаққи фаъолият маҳрум карда бошанд?

Сироҷиддини Ислом: Бале. Ду хонандаро метавонам мисол биорам. Яке аз онҳо Дадохон Ҳасанов – хонандаи маъруфи мухолиф дар солҳои 80. Дадохон Ҳасанов 70 сол дорад, вале дар ягон маҳфил ё ҷашн ӯро аслан роҳ намедиҳанд, ӯ ҳаққи ҳунарнамоӣ дар маъракаҳои мардумро ҳам надорад. Чунки Дадохон Ҳасанов таронаҳои миллӣ дорад ва алайҳи режими Ислом Каримов ошкоро тарона мехонад. Овозхони дигар Абдулазиз Карим аст, ки баъди хондани як тарона бар пояи шеъри раҳбари мухолифин Муҳаммад Солеҳ аз иҷозатномаи фаъолият ва ҳам аз унвони Ҳунарманди шоистаи Узбакистон маҳрум карда шуд ва маҷбур шуд тарки кишвар кунад ва шаҳрвандии Туркияро бипазирад. Дар Узбакистон даҳҳо ҳунарманди маъруф аз саҳнаи расмии ҳунари ин кишвар берун карда шудаанд. Масалан, Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров ва чандин ситораи дигар, ки нафақат дар Узбакистон, балки берун аз он ҳам шӯҳрату мухлиси зиёд доранд, вале дар худи Узбакистон ҳаққи ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои расмиро надоранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG