Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бандаи ГТА": Додгоҳ мӯҳлати ҳабси боздоштшудаҳоро тамдид кард


Боздошти Абдумуқим Мамадҷонов
Боздошти Абдумуқим Мамадҷонов

Дар додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 13 июл баррасии парвандаи пурсару садои “бандаи ГТА” шурӯъ шуд – аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ, ки асосан шаҳрвандони Осиёи Марказиянд, дар куштори ронандагону мусофирони мошинҳои боркаш дар роҳҳои вилояти Маскав ва Калуга, аз ҷумла, дар шоҳроҳи “Дон” айбдор мешаванд.

Мурофиа пушти дарҳои баста мегузарад. Хабаргузории ТАСС бо такя ба додрасҳо навиштааст, ки дар курсии айбдорӣ нӯҳ шаҳрванди Осиёи Марказӣ - Анвар Улуғмуродов, Ҳазратхон Додохонов, Фазлиддин Ҳасанов, Холиқ Субҳонов, Абдумуқим Мамадҷонов, Шерозҷон Қодиров, Мирзомавлон Мирзошарифов, Зафарҷон Ғуломов ва Умар Ҳасанов нишастаанд. Мақомоти тафтишотӣ онҳоро, вобаста ба нақшашон, дар куштори 17 нафар, ду сӯиқасд, ғоратгарӣ, бандитизм, дуздии санадҳо ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ муттаҳам мекунанд.

Додгоҳи вилояти Маскав мӯҳлати ҳабси ҳамаи айбдоршавандаҳоро барои шаш моҳ - то 13 январи соли 2017 тамдид кард.

Бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, гурӯҳи ҷиноӣ моҳи марти соли 2012 дар вилояти Маскав аз сӯи шаҳрванди узбактабори Қирғизистон Убайдулло Субҳонов таъсис шуд ва ба он дасти кам 15 зодаи Осиёи Марказӣ, асосан Узбакистон ва Тоҷикистон, шомил буданд. Убайдулло Субҳонов, ки гуфта мешавад шиносномаи тақаллубӣ ба номи Рустам Усмонов дошт, моҳи ноябри соли 2014 ҳангоми муқовимати мусаллаҳона кушта шуд. Панҷ узви «дастаи ГТА», ки аз Русия фирор кардаанд, дар кофтукоби байнулмилалӣ қарор доранд, гуфтааст Кумитаи тафтишоти Русия.

Парвандаи “бандаи ГТА” аз пурсарусадотарин парвандаҳои солҳои охир дар Русия ба шумор меравад.Номи ГТА аз номи бозии компутарии маъруфи Grand Theft Auto (GTA) гирифта шудааст ва ин номро матбуоти Русия ба гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.

Аъзои «бандаи ГТА», ки асосан дар шоҳроҳи М4 “Дон” амал мекарданд, дар маҷмӯъ дар 17 куштори бераҳмонаи мусофирону ронандагон дар ин шоҳроҳ ва гирду атрофи он айбдор мешаванд. Ба гуфтаи Владимир Маркин, намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия, ҳадафи гурӯҳ аз куштори ронандагону мусофирон – яғмои бори мошинҳои боркаш буд.

Амалиёти боздошти “бандаи ГТА” 6 ноябри соли 2014 бо ҳамлаи нерӯҳои вижаи амниятӣ ба бӯстонсарое дар вилояти Маскав оғоз ёфт. Маълум шуд, ки бӯстонсаро ба Алексей Староверов, мудири раёсати коргузории Додситонии кулли Русия тааллуқ дошта, яке аз аъзои гурӯҳ бо модару хоҳараш барои нигоҳубини ин манзил истихдом шудаанд. Мансабдори баландпоя ба далели макон додан ба ҷинояткорон маҷбур шуд, ки тарки мақом кунад.

Баъд аз кушта шудани раҳбари «бандаи ГТА» аз 6 то 19 ноябри соли 2014 дар вилояти Маскав ва манотиқи дигари Русия 10 нафар, аз ҷумла 3 зан, бо гумони узвият ваё ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ дастгир шуданд. Аз миёни онҳо танҳо исми шаҳрванди Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонов эълон шуд, ки дар додгоҳ даст доштанаш дар 4 кушторро иқрор кардааст.

Бино ба гузориши расонаҳои русӣ, аз ҷумла шабакаи РЕН ТВ, муфаттишони вазорати умури дохилӣ, ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия ва МУР – Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии Маскав собит карданд, ки қатли капитан Олег Толмачёв ҳам аз сӯи аъзои “бандаи ГТА” содир шудааст. Ҷинояткорон рӯзи 4 июни соли 2014 дар пеши чашми ҳамсараш ба капитан Толмачев 14 тир заданд. Мақомоти тафтишотӣ гуфта буданд, ки дар ин куштор як зодаи Тоҷикистон - Қодиров, ки дар вилояти Тулаи Русия сабти ном шудааст, айбдор мешавад. Ду нафари дигар, ки низ ҳамдастӣ дар ин куштор айбдор шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд ва онҳоро дар зодгоҳашон боздошт карданд.

Зимнан, охирин узви «бандаи ГТА» ҳам дар шаҳри Душанбе дастгир шуд. Як манбаъ дар вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории РИА Новости гуфт, Фаррухҷон Аъзамҷонови 38-сола, ки дар Русия ба ғоратгарӣ, бандитизм ва ширкат дар куштори ронандагон дар шоҳроҳи М4 “Дон” айбдор мешавад, 27 июни соли равон дар як амалиёти вижа ба даст уфтод. Айни ҳол мавзӯи истирдоди ӯ ба Русия баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, Аъзамҷонов ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳам машғул будааст.

XS
SM
MD
LG