Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Никола Лазаревич сармураббии "Истиқлол" таъин шуд


Никола Лазаревич

Никола Лазаревич

Никола Лазаревичи 38-сола, мутахассиси сербиягии дар Тоҷикистон маъруф, сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе таъин шудааст.

Никола Лазаревичи 38-сола, мутахассиси сербиягии дар Тоҷикистон маъруф, сармураббии дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе таъин шудааст. Вай дар ин вазифа Мубин Эргашевро, ки ду соли охир сармураббии даста буд, иваз намуд.

Бо тавсияи сармураббии нави даста раҳбарияти бошгоҳи футболи "Истиқлол" собиқ сармураббии тими "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд Нуъмонҷон Юсуповро ёвари Никола Лазаревич таъин кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи "Истиқлол", рӯзи 13 июл хабар дод. Ӯ гуфт, ки ҳарду мутахассиси пуртаҷриба буда, дар бошгоҳи "Истиқлол" кор кардаанд. Нуъмонҷон Юсупов сармураббии дастаи ҷавонон буд, Никола Лазаревич бошад, вазифаи мураббии тарбияти баданиро ба зимма дошт.

Никола Лазаревич рӯзҳои наздик ба Душанбе меояд. Дар айни ҳол ӯ дар давраҳои омӯзишӣ дар Академияи маҳорати мураббигии Иттиҳодияи футболи Русия барои гирифтани муҷҷавизи мураббигии дараҷаи «Pro» УЕФА ширкат мекунад. Ин муҷаввиз ба ӯ имкон медиҳад, ки ҳама гуна бошгоҳҳои кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва дастаҳои мунтахаби миллиро машқ бидиҳад. Дар давраи таҳсил вай дар бошгоҳҳои Аврупо, ба мисли «Атлетико» (Мадрид), «Копенгаген» (Дания), «Зенит» (Санкт-Петербург) ва «Базел» (Швейтсария) таҷриба андухтааст.

Ёдовар мешавем, раҳбарияти бошгоҳи футболи "Истиқлол" рӯзи 10 июл бо тасмими худ ҳамаи мураббиёни пешини дастаро ба истеъфо фиристода буд. Мубин Эргашев - сармураббии дастаи “Истиқлол” ҳамроҳ бо ёваронаш аз вазифаашон барканор шуданд.

Ҳамакнун қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистонро ба нимаи дувуми мавсими имсолаи футбол ситоди нави мураббиён бо раҳбарии Никола Лазаревич омода хоҳад кард.

Дар мавсими имсолаи футбол "Истиқлол", қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон 3 апрел дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бар "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии кишвар, бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, барои бори шашум Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овард.

“Истиқлол” дар давраи аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ бо 23 имтиёз ғолиб шуд ва ҳоло ягона дастаест, ки бохт надорад.

Вале “Истиқлол” имсол дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар гурӯҳи “В” бо як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG