Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 журналист дар Афғонистон


Кумитаи амнияти журналистони Афғонистон нимаи аввали соли 2016-ро хатарноктарин давра барои кори журналистон дар ин кишвар номид. Ин ниҳоди нозири фаъолияти журналистон гуфт, то моҳи июн дар Афғонистон 10 хабарнигор кушта шуданд. Дар маҷмӯъ, ин созмон дар 6 моҳи аввали сол 54 мавриди ҳамла ба журналистонро дар Афғонистон сабт кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 38 дарсад бештар аст. Ба ҳисоби Кумитаи амнияти журналистон, 30 дарсади ҳамлаҳо ба хабарнигоронро Толибон анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG