Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои НАТО - Русия доир мешавад


Рӯзи 13 июл ҷаласаи Шӯрои НАТО – Русия доир мешавад. Ин нахустин музокироти онҳо баъди нишасти НАТО дар Варшава аст, ки дар он аъзои ин паймони низомӣ дар посух ба таҷовузҳои Русия дар Украина ҷиҳати афзоиши ҳузури низомиаш дар Аврупои шарқӣ тасмим гирифтанд. Нишасти сафирони 28 кишвари узви НАТО ва Русия дувумин чунин нишаст аз соли 2014, дар пайи бад шудани равобити онҳо ба далели бӯҳрони Украина мебошад. НАТО гуфт, Русияро дар мавриди тасмимаш ҷиҳати ирсоли 4 баталйон бо ҳудуди 4000 сарбоз ба Лаҳистон ва се кишвари Балтик дар ҷараён мегузорад. Русия қасди НАТО барои истиқрори нирӯҳояш дар наздикии марз бо ин кишварро шадидан ба интиқод кашидааст. Маскав ҳамчунин гуфт, рискҳои сипари мушакии Амрико дар Аврупоро бо НАТО дар миён хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG