Пайвандҳои дастрасӣ

СММ дар пайи ба 32 нафар расидани шумори кушташудагон дар задухӯрдҳои байни эътирозгарон ва пулиси Ҳинд дар минтақаи баҳсии Кашмир ва якдигарро айбдор кардани Ҳинду Покистон ҳама ҷонибҳои низоъро ба хештандорӣ даъват кард. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ах ҳама ҷонибҳои зидахл даъват кард, то ба хотири пешгирӣ аз хушунатҳои бештар аз ҳадди аксари хештандорӣ кор бигиранд. Ин дар ҳолест, ки раҳбарони ҷудоиталабони Кашмир ба эътирозҳои бештар даъват кардаанд. Ҳалокати 31 нафари мулкӣ ва як маъмури пулис хунинтарин хушунат дар водии Кашмир аз соли 2010 аст, ки он дафъа дар эътирозҳои алайҳи кушта шудани як наврас аз тири пулиси Ҳинд 110 нафар кушта шуданд. Садҳо нафари дигарро бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористонҳо интиқол додаанд. Дар саросари минтақа дӯконҳо баста ва хадамоти мобилу интернет қатъ шудааст. Бо вуҷуди маҳдудиятҳо ҳазорон нафар дар шаҳри Трал барои ширкат дар маросими дафни Бурҳон Ванӣ, раҳбари як гурӯҳи чирикӣ ҷамъ шуданд. Кушта шудани Ванӣ дар рӯзи 8 июл аз сӯи пулис сабаби эътирозҳои ахир шуд.

XS
SM
MD
LG