Пайвандҳои дастрасӣ

"Узбекнаво": Тамила пеши равоншинос бояд равад


Раҳбарони иттиҳодияи эстрадии “Узбекнаво”-и Узбакистон овозхони ҷавон Тамиларо барои чанд аксу видеои “бешармона” комилан аз муҷаввизи фаъолият маҳрум кардааст. Расонаҳо навиштанд, ки мудири кулли “Узбекнаво” Фарҳод Ҷӯраев ба Тамила машварат додааст, ки ба ҷои ҳунарнамоӣ ба табибон муроҷиат кунад. Фарҳод Ҷӯраев аз ҷумла дар сӯҳбат бо расонаи интернетии Podrobno.uz гуфтааст, “Тамила ҳеҷ гоҳ муҷаввиз намегирад ва шумо худатон медонед, барои чӣ? Ӯзоҳиран аз хурдӣ кадом мушкилоти марбут ба худбинӣ дошт ва ҳолаш хуб нест. Ӯ бояд на ба саҳна, балки ба шифохона пеши равоншинос биравад.”

“Узбекнаво” моҳи феврал муҷаввизи Тамиларо барои он лағв кард, ки дар шабакаи Telegram ду видео бо ширкати ӯ нашр шуд. Дар яке аз ин видео, вақте аз овозхон мепурсанд, ки ӯ қабл аз ҳунарпешагӣ чӣ кор мекард?, шимашро кашида, пушташро ба камера нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG