Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар раҳпаймоӣ ё “маршировка” ба муносибати 25-уми солгарди истиқлолияи Тоҷикистон, ки қарор аст рӯзи 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шавад, ҳудуди 5 ҳазор донишҷӯ ва устодони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ширкат мекунанд. Дар ин бора, Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳии тиббии Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи оқои Гулзода аз ин шумора беш аз 500 донишҷӯ дар раҳпаймоии ҳарбӣ, 1400 нафар дар чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ва 3 ҳазор донишҷӯ ва устодони ин донишгоҳ дар раҳпаймоӣ ё "маршировка", иштирок мекунанд.

Донишгоҳи тибии Тоҷикистон яке аз бузургтарин муассисаҳои олии кишар ба шумор мераванд ва дар ҳоли ҳозир беш аз 9 ҳазор дар он таҳсил мекунанд. Ин донишгоҳ дар рейтинги имсолаи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз нигоҳи сифат ва теъдоди донишҷӯён баъд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар зинаи дувум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG