Пайвандҳои дастрасӣ

Филми "12 соли интизорӣ", ки намоиши нахустинаш дар Душанбе шоми 12 июл баргузор шуд, никоҳҳои барвақтӣ ва азҳампошии зиёди оилаҳоро дар Тоҷикистон ба боди танқид кашидааст. Ин филм аз рӯзгори духтаре бо номи Фаришта нақл мекунад, ки баъд аз хатми мактаби миёна бо хоҳиши хонаводааш оиладор шуда, аммо ба шикаст рӯбарӯ гардидааст.

Фаришта орзуи таҳсил дар Донишгоҳи тиббиро дошт, то дар оянда пизишк шуда ба дарди қалби падараш даво бахшад. Аммо пас аз оиладор шудан ҳамсару хушдоманаш натанҳо нагузоштанд, ки ӯ ба таҳсил идома диҳад, балки бо вай ба ҳайси ғулом ё канизи худ бархӯрд карданд.

Муҳиддини Музаффар, коргардони "12 соли интизорӣ", гуфт, онҳо талош кардаанд, ки дар ин филм хушунати хонаводагӣ ва "ҷабри" баъзе аз хушдоманҳоро низ ба риштаи тасвир кашанд. "Тасаввури ин амр, ки дар асри 21 занони мо мисли ғулом бошанд, имконнопазир аст. Зан ҳам бояд ба ҳайси як фарди мустақил ва шахсият бошад. Мавқеъ ва андешаи худро дошта бошад," - мегӯяд ӯ.

Ба қавли Муҳиддини Музаффар, ҳоло ба далели камсаводӣ ва таҳсилдида набудани баъзе аз занон фарзандонашон низ тарбияи хуб намегиранд ва дар оянда ба "дарди сари" ҷомеа табдил хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, тарбияи фарзандон асосан ба дӯши занон бор аст: "Ҷомеи мо ва фарзандони мо аз андеша ва шахсияти модарони мо вобастаанд. Бояд занону духтарон соҳиби оила бошанд, аммо маълумот ҳам дошта бошанд. Ин ҷанбаи масъала дар шароити кунунӣ хеле муҳим аст. Ин филми мо воқеан зидди падару модаронест, ки зидди таҳсили духтарони худ ҳастанд."

Коргардони мелодраммаи "12 соли интизорӣ" мегӯяд, аммо ин филм бо шикасту ноумедӣ поён наёфта, балки бо пирӯзии қаҳрамони онҳо Фаришта хотима ёфтааст. Ӯ мегӯяд, баъд аз зиндонӣ ва озод шудани шавҳари Фаришта дар Русия ва интизории тӯлонӣ онҳо аз якдигар ҷудо шуда, баъдан қаҳрамони филм бо машварати равоншинос аз нав ба зиндагӣ дилгарм мегардаду аз пайи таҳсили худ мешавад.

Дилошӯб Орифзода, продюсери ин филм дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "12 соли интизорӣ" бар асоси ҳодисаҳои воқеӣ таҳия шудааст. Ба қавли ӯ, пеш аз наворбардории филм онҳо ҳадди ақалл бо 40 зани хушунатдида суҳбат карда ва аз рӯзгори ҳар кадоме аз онҳо бахшҳоеро гирифтаанд.

Орифзода мегӯяд, то кунун намоиши нахустини ин филм дар Хуҷанду Истаравшан аз сӯи тамошобинон хуб истиқбол шудааст ва умед доранд, ки аз ин тариқ ба комёбии духтарону занони тоҷик заррае ҳам бошад ёрӣ хоҳанд кард. "Худи мақомот ҳам дар бораи идомаи таҳсили духтарон суҳбат мекунанд. Мо ҳам паёмади ин масъаларо дар шакли тасвир нишон додем. Нишон додем, ки никоҳҳои барвақтӣ на ҳама вақт мояи хушбахтии духтарон мешаванд. Дар бисёр ҳолат онҳоро дар чорроҳаи тақдир гузошта ва ҳатто баъзеи онҳоро то худкушӣ мерасонанд," - афзуд ӯ.

Вале бархе аз бинандагон дар Душанбе гуфтанд, сужаи филм чандон тоза набуда, танҳо иҷрои нақшҳо аз сӯи ҳунармандон филмро ҷаззобу диданӣ кардааст. Яке аз бинандагон ҳам гуфт, "аз тарафи дигар филм андаке тӯлонист. Масъалаи дигар забони асар аст, ки бояд барои кишварҳои ҳамзабони мо Эрону Афғонистон ҳам фаҳмо бошад. Он вақт метавонем бинандаи зиёдро ҷалб кунем."

Филми "12 соли интизорӣ" аз сӯи гурӯҳи "Суғдсинамо" дар якҷоягӣ бо телевизионҳои "Синамо" ва "Танин" дар Хуҷанд сабт шуда, нақши асосиро Таҳмина Раҷабова (Фаришта) бозидааст. Инчунин, дар ин филм ҳунармандони маъруфе мисли Муҳаммадҷон Шодиев, Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Моҳпайкар Ёрова, Нозим Меликов ва Хуршед Мустафоев нақш иҷро кардаанд.

Гуруҳи "Суғдсинамо" қаблан филмҳои "Паймон"-у "Коса" ва филми ҳуҷҷатии "Духтари Сайҳун" дар бораи шоири маъруфи тоҷик Фарзонаро рӯи навор оварда ва ба бинандагон пешниҳод карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG