Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии тимҳои ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон мусовӣ шуд


Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва Қирғизистон (U-21) шоми сешанбеи 12 июл дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Пеш аз оғози ин бозӣ ҳарду даста, инчунин ҳаводорони футбол хотираи собиқадори футболи тоҷик, собиқ бозигари дастаи «Энергетик»-и Душанбе Владимир Мордовинро, ки бар асари бемории вазнин ва тӯлонӣ 12 июл дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт, бо хомӯшии якдақиқаӣ пос доштанд.

Ҳисобро дар ин бозии дӯстона Амирҷон Сафаров, бозигари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар дақиқаи 12-ум боз кард. Вале баъди шаш дақиқа капитани меҳмонон Султонбек Момунов аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ҳисобро баробар намуд – 1:1.

Дар дақиқаи 38-ум Худойдод Узоқов мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро боз ба пеш баровард. Голи дувуми меҳмононро Виктор Келм дар дақиқаи 56-ум ба ҳадаф расонд ва бозӣ бо натиҷаи мусовӣ - 2:2 – ба анҷом расид.

Бозие, ки натиҷааш дӯстона буд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Валерий Березовский, сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 21-солаи Қирғизистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки чунин бозиҳо барои таҳкими дӯстӣ миёни варзишгарони ҳарду кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард. Ӯ гуфт, "бозӣ шавқовар гузашт ва мухлисоне, ки ба варзишгоҳ омаданд, аз тамошои он қаноатманд гардиданд. Мо кӯшиш кардем ҷараёни бозиро таҳти назорати худ бигирем, вале ин ба мо муяссар нашуд. Ин аввалин бозии расмии мо буд. Умуман, ман аз бозии дастаам ва натиҷаи бозӣ қаноатмандам, вале камбудиҳои зиёд ҳастанд, ки минбаъд баҳри ислоҳи онҳо кор мекунем."

Виталий Левченко, сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, ба хабарнигорон иброз дошт, ки ин нахустин бозии даста бо раҳбарии ӯ буд. ​"Дар ин бозӣ чор гол зада шуд ва бовар дорам, ки бозӣ ба мухлисон писанд омад. Ман аз амалҳои дастаӣ розиям, вале ба бозии инфиродӣ эроди зиёд дорам, иштибоҳҳо дар хатти дифоъ бисёр буд. Сари ин масалаҳо андеша мекунем. То оғози Ҷоми Осиё вақти кам мондааст. Мо ҷамъомади таълимиву тамриниро минбаъд дар шаҳри Хуҷанд мегузаронем," - афзуд ӯ

Ин бозӣ барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон санҷише буд пеш аз мусобиқоти байналмилалии «CAFA Cup – U-19», ки аз 6 то 9 август дар шаҳри Тошканд бо ширкати дастаҳои кишварҳои аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барпо мегардад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқот таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Туркманистон (6 август) ва Эрон (7 август) бозӣ мекунанд.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон шомиланд. Ғолибони гурӯҳҳо дар бозии ниҳоӣ ширкат меварзанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар айни ҳол ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони кишвар дар шаҳри Норак ҷараён дорад. Ба гуфтаи ӯ дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон, аслан ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016, ки аз 13 то 30 октябр дар Баҳрайн доир хоҳад шуд, омодагӣ мебинад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқоти қитъавӣ дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Узбакистон (14 октябр), Чин (18 октябр) ва Австралия (21 октябр) рақобат мекунад.

Бар асоси дастури мусобиқот ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба чорякфинал мебароянд. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн дастаҳо барои чор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мубориза мебаранд. Дар мавриди дар Баҳрайн ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтани мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ, дастае, ки дар қаҳрамонии Осиё-2016 ҷойи панҷумро мегирад, инчунин соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 мешавад.

Бозии дӯстона

Тоҷикистон (U-19) – Қирғизистон (U-21) – 2:2

Голҳо: Амирҷон Сафаров, 12 (1:1). Султонбек Момунов, 18 – аз пеналтӣ (1:1). Худойдод Узоқов, 38 (2:1). Виктор Келм, 56 (2:2).

Тоҷикистон (U-19): Фатҳулло Бобоев, Табрези Давлатмир, Қувватбек Равшанбеков, Доробҷон Эргашев, Кароматулло Саидов (Нуъмон Зокиров, 90+3), Ҳоҷибой Зиёев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Худойдод Узоқов (Нуриддин Ҳамроқулов, 63), Амирҷон Сафаров, Эҳсони Панҷшанбе (Отабек Каримов, 59), Зиёвуддин Фузайлов (Ҳусейн Нурматов, 87).

Қирғизистон (U-21): Кутман Қодирбеков, Мустафо Юсупов, Данила Сокирченко, Аскарбек Солиев (Азим Азаров, 46), Султонбек Момунов (Давлатҷон Баротов, 46), Александр Мишенко, Одилҷон Абдураҳмонов, Виктор Келм, Амонбек Манибеков, Элдар Молдожунусов (Владимир Казакбоев, 46, Гамзӣ Набиев, 88), Манас Карипов (Қодирбек Шаарбеков, 53).

Огоҳонида шуданд: Табрези Давлатмир, Қувватбек Равшанбеков, Ҳоҷибой Зиёев, Муҳаммадҷони Ҳасан (Тоҷикистон), Александр Мишенко, Одилҷон Абдураҳмонов, Давлатҷон Баротов (Қирғизистон).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ёварони сардовар: Насим Ҳамидов, Амирҷон Хоркашев (ҳарду – Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири доварон: Раҳимҷон Шарифов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Азизҷон Достиев (Турсунзода).

12 июл. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 700 тамошобин.

XS
SM
MD
LG