Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти приставҳои вилояти Тулаи Русия мегӯяд, аз аввали соли ҷорӣ 282 муҳоҷири ғайриқонуниро аз қаламрави ин вилоят ба хориҷи Русия ихроҷ кардаанд. Хабаргузории маҳаллии "Тульская пресса" рӯзи 12 июл хабар дод, ки аксари ин муҳоҷирони ихроҷшуда аз Украина, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон будаанд. Хадамоти приставҳои Тула мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, ба берун кардани 29 муҳоҷири дигар, ки ҳукми ихроҷашон аз қаламрави Русия аз сӯи додгоҳҳо содир шудааст, омодагӣ мегирад. Бино ба ҳисоби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, то 26 марти соли равон ба 330 ҳазор нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG