Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар маҳаллаи асосан шианишини Бағдод мунҷар ба марги дасти кам 9 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо каси дигар шуд. Ба иттилои расмӣ, рӯзи 12 июл маргталаб мошини боркашро дар бозори меваю сабзавоти маҳаллаи Ал-Рашидия, воқеъ дар шимолу шарқи пойтахти Ироқ, тарконд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти ироқӣ ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” карданд, ки моҳҳои ахир чандин ҳамларо анҷом дода боиси марги садҳо ироқӣ шудааст. Дар ду таркиши маргбор дар ҳафтаи гузашта, аз ҷумла, дар минтақаи тиҷоратии Карадаи Бағдод, дасти кам 292 нафар ба ҳалокат расиданд.

Эштон Картер, вазири дифои ИМА, рӯзи 11 июл дар Бағдод гуфт, Вошингтон ҳафтаҳои наздик ба Ироқ беш аз 500 афсару сарбоз мефиристад, ки қарор аст ба нерӯҳои ироқӣ барои таҳти назорати дубора қарор додани шаҳри Мовсил, дуввумин шаҳри бузурги Ироқ, кӯмак кунанд. Нерӯҳои ироқӣ баъди озод кардани Фалуҷҷаҳ мехоҳанд, ки моҳҳои наздик ситезаҷӯёнро аз Мовсил ҳам берун намоянд.

Мовсил аз моҳи июни соли 2014 таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст.

XS
SM
MD
LG