Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 12 июл ҳукми абади фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ Азимҷон Аскаровро лағв кард ва парвандаи ӯро барои бозбинӣ ба додгоҳи вилояти Чуй фиристод.

Худи Аскаров ҳангоми қироати тасмими Додгоҳӣ олӣ дар толор ҳузур надошт.

Азимҷон Аскаров, шаҳрванди узбактабори Қирғизистон, соли 2011 барои даст доштан дар бархӯрдҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон дар як соли пеш ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Дар ин даргириҳо 450 нафар кушта шуда буданд, ки аксарашон узбакҳо буданд. Додгоҳ Аскаровро ҳамчунин дар даст доштан дар куштори як корманди пулис айбдор карда буд. Азимҷон Аскаров парвандаашро дорои ангезаи сиёсӣ мехонад.

Бино ба хабарҳо, бозбинии парвандаи Аскаров дао Додгоҳи олии Қирғизистон бо дархости ӯ ва вакилони мудофеаш сурат гирифт, зеро дар парванда шароит ё масъалаҳои нав пеш омадааст. Ба гуфтаи вакили мудофеи ӯ Нурбек Токтагулов, ин шароити нав ба дархости Кумитаи ҳуқуқи башари СММ иртибот дорад. 21 апрели соли 2016 ин кумита изҳор намуд, ки ба дархости Аскаров бояд ҳарчӣ зудтар расидагии бетарафона сурат бигирад. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ Аскаровро бегуноҳ мехонад талаб дорад, ки ӯ фавран аз зиндон раҳо шавад ва мақомоти Қирғизистон ба ӯ барои чанд соли дар зиндон сипарӣ кардааш ҷуброн пардохт кунанд.

XS
SM
MD
LG