Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар нахустин бозии мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Хуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Дар ин бозӣ, ки 11 июл дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор шуд, голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Тоҳир Малодӯстов дар дақиқаи 76-ум ба ҳадаф расонд.
Бозии даври дувумро футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии Зайниддин Раҳимов 13 июл бо мунтахаби Туркманистон анҷом медиҳанд.
Ҷоми «Роҳи абрешим – Хуашан-2016»:
Даври 1-ум
Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон – 3:1
Голи Тоҷикистон: Тоҳир Малодӯстов, 76.
Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Султоншо Мирзоев, Мубинҷон Муъминов, Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Далер Ёдгоров, Аваз Қамчинов.
Чин – Туркманистон – 4:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Чин |
1 |
1 |
0 |
0 |
4-1 |
3 |
2 |
Кореяи Ҷанубӣ |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-1 |
3 |
3 |
Тоҷикистон |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-3 |
0 |
4 |
Туркманистон |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-4 |
0 |
Бозиҳои боқимондаи мусобиқот:
Даври 2-юм
13 июл (чоршанбе)
13:00 – Туркманистон – Тоҷикистон
16:35 – Чин – Кореяи Ҷанубӣ
Даври 3-юм
15 июл (ҷумъа)
13:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Туркманистон
16:35 – Тоҷикистон – Чин
Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе мебошад.