Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистону Узбакистон расман эълон карданд, ки якҷоя дар заминҳои ду кишвари ҳамсоя зидди малах мубориза хоҳанд бурд. Ин ҳамкории Душанбеву Тошканд аз табодули иттилоъву таҷруба, техника ва дору иборат будааст.

Мақомоти Тоҷикистону Узбакистон расман эълон карданд, ки якҷоя зидди малах дар заминҳои кишти ду кишвари ҳамсоя мубориза хоҳанд бурд. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳамкорӣ асосан аз табодули иттилоъву таҷруба, техника ва дору иборат аст.

Қиёмиддин Ғаниев – сардори Муассисаи давлатии мубориза алайҳи малахи Тоҷикистон – 12 июл ба Озодӣ гуфт, моҳи ҷорӣ ҳайати Узбакистон ба ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон омада, ҳайати Тоҷикистон ба вилоятҳои Сурхандарё, Қашқадарё ва водии Фарғона хоҳанд рафт. “Ҷонибҳо дар ин минтақаҳо бо миқёси хатари ҳамлаи малах ва роҳҳои мубориза бо он ошно хоҳанд шуд,” – афзуд ӯ.

Ғаниев мегӯяд, ба далели муқаррароти раводид (виза) миёни Тоҷикистону Узбакистон масъалаи муборизаи муштарак алайҳи паҳншавии малах дар сатҳи вазоратҳои ин ду кишвар баррасӣ ва ҳал шудааст. Ӯ гуфт, ки “малах сарҳадро намешиносад. Малах метавонад дар рӯз то 100 километр масофаро тай карда ва аз як кишвар ба кишвари дигар гузарад. Ҳоло ноҳияҳои вилояти Хатлон пурра аз малах тоза шудааст. Мо бояд аз ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Узбакистон дидан карда ва бовар ҳосил кунем, ки аз ин минтақаҳо ба Тоҷикистон малах намегузарад.”

Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии мубориза бар зидди малахи Тоҷикистон, ниҳодҳои кишвар бо ҳамтоёни худ дар Афғонистону Қирғизистон низ ҳамкорӣ доштаанд. Онҳо тавассути телефон ё сафари ҳайатҳо бо вазъияти минтақаҳои тухмгузоришуда ва самтҳои ҳаракати малах ошно шуда, чораҳо барои нобуд сохтани ин ҳашароти зараррасонро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Муассисаи давлатии мубориза бар зидди малахи Тоҷикистон, дар тақрибан 90 ҳазор гектар малах паҳн шуда ва то кунун ҳудуди 60 ҳазор гектар дорупошӣ ва аз малах тоза шудааст.

Охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ кишоварзон дар ҷануби Тоҷикистон гуфтанд, ки даҳҳо гектар зироати мардум аз ҳамлаи малахи марокашӣ дар ҳоли нобудшавӣ қарор доранд. Шаш сол қабл низ баъди боришоти зиёд, малах ба кӯҳу пуштаҳо ва заминҳои киштшудаи Хатлон ҳамла намуда ва ба беш 40 ҳазор гектар замин ва пуштаҳои 15 ноҳияи вилояти Хатлон зиён ворид карда буд.

Зимнан, тибқи иттилои расмӣ, имсол 51 ҳазор гектар заминҳои вилояти Хатлон ба ҳамлаи малахи марокашӣ рӯбарӯ шудаанд. Барои мисол, дар ноҳияи Фархор беш 2000 гектар, ки бештари он заминҳои полезӣ аст, рӯ ба нестӣ оварда, баъзе деҳқонон бори дуюм дар заминҳои аз малах зарардида кишт анҷом медиҳанд. Кишоварзон мегӯянд, ки агар пеши роҳи ин гирифта нашавад, соли оянда имкони кишти зироат боқӣ намемонад.

Аммо баъдан мақомот гуфтанд, ки ин малахҳо серанд ва ба кишти сокинон зиён нахоҳанд расонд.

XS
SM
MD
LG