Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуриддин Саид: "Куҷое дохил шудӣ, ҳамон ҷоро хатм кун!"


Фарзандони бархе аз мансабдорони тоҷик аз имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ мегурезанд. Ҳамзамон онҳо роҳҳои нави “бе дарди сар” ба донишгоҳҳои кишвар дохил шуданро “кашф” мекунанд.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 11-уми июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе таъкид кард, ки баҳогузории одилонаи Маркази миллии тестӣ ва аз байн рафтани ришваву фасод , фарзандони афроди мансабдорро ба дарёфти роҳҳои нави дохилшавӣ дар мактабҳои олии ин кишвар водор кардааст.

"ТАҚАЛЛУБ ДАР МАРКАЗИ ТЕСТӢ? ИМКОН НАДОРАД!"

Ба гуфтаи вазир, фарзандони бархе аз мансабдорон нахуст ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ҳуҷҷат супурда дохил мешаванд ва баъди як сол бо пеш овардани далелҳои гуногун талоши идомаи таҳсил дар Тоҷикистонро мекунанд. “Онҳоро дар Русия дохил мекунанд, як ё ду сол мехонанд баъд ариза мекунанд, ки ё бемор шудааст ё модараш даргузаштааст ва аз ин рӯ бояд дар Тоҷикистон дар факултаи ҳуқуқшиносӣ ё ихтисоси дигаре таҳсилро идома диҳад. Вале мо мегӯем, ки не, куҷое дохил шудӣ, ҳамон ҷоро хатм кун". Нуриддин Саид иқрор кард, ки "барои ҳамин ҳам баъзеҳо моро бад мебинанд, вале чӣ кор кунем? ”

Довталабони норозӣ дар назди Маркази миллии тестӣ
Довталабони норозӣ дар назди Маркази миллии тестӣ

Вазири маориф ва илм тақаллуб дар имтиҳонҳои Маркази миллии тестиро рад кард ва гуфт, ҳеҷ имкон надорад, ки тибқи ин низом касе бо ришваву тағобозӣ дохили ин ё он донишгоҳ шавад. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳастанд омӯзгорон ва миёнравҳое, ки бо роҳи фиреб ва ваъдаи зиёд аз корафтодаҳо пул меситонанд. “Ба мо ҳам муроҷиату шикоятҳо дар ин маврид расида буд, вақте гурӯҳи кори таъсис дода таҳлил кардем, асоси воқеи наёфт”, афзуд вазир

Ситоиши Нуриддин Саид аз кори Маркази миллии тестӣ дар ҳолест, ки 2 моҳи пеш Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, гуфта буд, мардум ба шаффофияти кори Маркази миллии тестӣ бовар надоранд ва бояд корҳои зиёде анҷом шавад. Ӯ таъкид карда буд, ки имсол фаъолияти Марказро гурӯҳи махсуси вакилони Маҷлиси намояндагон зери назорат мегиранд.

САРНАВИШТИ НОРУШАНИ БУРСИЯҲОИ ЭРОН

Дар робита ба масълаи бурсияҳои холимондаи донишгоҳҳои Эрон барои ҷавонони тоҷик, вазири маориф бо таасуф гуфт, талабгорони таҳсил дар ин кишвар хеле каманд. Далелаш ҳам ба гуфтаи вазир ин аст, ки Эрон барои Тоҷикистон аз рӯи риштаҳои мавриди ниёз бурсия ҷудо накардааст. “Ин ришта риштаи тиб, халабон ва дигар ихтисосҳо аст. Талабгорони ин риштаҳо бештар ба мо муроҷиат мекунанд”.

Имтиҳони дохилшавӣ ба яке аз донишгоҳҳои Эрон
Имтиҳони дохилшавӣ ба яке аз донишгоҳҳои Эрон

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи вазири маориф, иҷро нашудани ваъдаҳое, ки қаблан аз сӯйи мақомоти Эрон ба довталабон барои идомаи таҳсил дар ин кишвар дода шуда буданд, эътимоди ҷавонони тоҷикро кам кардааст. Соли гузашта Эрон барои Тоҷикистон 250 бурсияҳои таълимӣ ҷудо карда буд, аммо масъулини вазорат гуфтанд, Теҳрон бар хилофи ваъда танҳо 41 нафар аз ғолибони озмунро ба таҳсил фаро гирифтааст. “Мардум ҳуҷҷат супурданд, интизор шуданд имконияти дохил шудан ба дигар донишгоҳҳоро аз даст доданд, дӯстони эронӣ наомаданд ва онҳоро набурданд. Барои ҳамин имсол кам муроҷиат карданд”

Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, чанд моҳ пеш дар як мулоқот ба он ишора карда буд, ки сарнавишти бурсияҳои пешниҳодкардаи онҳо норӯшан мондааст ва аз сӯйи вазорати маориф ҳам ягон довталаб муаррифӣ намешавад.

Баъзеҳо мегӯянд, масъалаҳои бурсияҳо шояд бо андаке сард шудани робитаҳои миёни ду кишвар др поёни соли гузашта пас аз даъвати Муҳиддин Кабирӣ - роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи назҳати Исломӣ ба як конфронс дар Теҳрон рабт дошта бошад. Аммо то ин таниш ҳам давлати Тоҷикистон дар фиристодани донишҷӯёни хеш ба Ҷумҳури Исломӣ аз эҳтиёт кор гирифта талош мекард, ки толибилмонаш дар Эрон аз илмҳои дунявӣ бештар баҳравар гашта, мавриди мағзшӯии диниву мазҳабӣ қарор нагиранд.

Аммо Нуриддин Саид дар сӯҳбати ахираш гуфт, онҳо ба таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон мухолиф нестанд ва ҳамкориро идома хоҳанд дод.

"МАРШИРОВКА" - ИЗҲОРИ САДОҚАТ БА ВАТАН?

Дар масъалаи ҷалби ҳазорон донишҷӯ ба “маршировка” ё тамринҳо бахшида ба ҷашни истиқлолият, ки 11- уми июл шурӯъ шуд, вазири маориф гуфт, 25 умин солгарди истиқлолият ҷашни таърихӣ аст ва донишҷӯён бо дастури ин вазорат ба тамринҳо ҷалб шудаанд.

Донишҷӯёне, ки ба «маршировка» ҷалб шудаанд, аз ҳисоби буҷаи донишгоҳҳо кӯмакпулӣ хоҳанд гирифт ва бо нақлиёту хобгоҳ таъмин хоҳанд шуд, гуфт Нуриддин Саид.

"Маршировка"-и донишҷӯён дар Кӯлоб
"Маршировка"-и донишҷӯён дар Кӯлоб

Ӯ таъкид намуд, ки дар бисёре аз кишварҳо, ва ҳатто замони шӯравӣ, дар маъракаҳои сиёсӣ аз нерӯи донишҷӯён истифода мебурданд. “Чавонон қишри босуботу патриоти кишваранд, онҳо пайравони пешвои миллатанд ва худашонам мехоҳанд дар ин ҷашни таърихӣ саҳм гузоранд. Ин кор ба ҷараёни таҳсили онҳо ҳеҷ халал ворид намесозад ва барои бемор нашуданшон хам чорахо андешида шудааст”

Дар зимн, бар пояи дастури вазири маориф, барои ширкати ҷавонон дар тамринҳо, ба волидони донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ огаҳинома фиристодаанд, ки ширкати фарзандонашонро дар машқҳо таъмин кунанд, дар акси ҳол донишҷӯён ҷазо хоҳанд гирифт....

XS
SM
MD
LG