Пайвандҳои дастрасӣ

Медали панҷуми варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои "Бачагони Осиё"


Ҷаҳонгир Маҷидов, варзишгари навраси тоҷик, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар Ёқутистони Русия дар мусобиқаи ҷудо бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоӣ барои унвони қаҳрамони Бозиҳо аз варзишгари Русия Захар Груздев мағлуб шуд ва дар натиҷа мақоми дувумро касб кард. Медалҳои биринҷиро дар ин вазн Избасар Ералиев (Қазоқистон) ва Иля Калашников (Русия) соҳиб шуданд. .

Медали Ҷаҳонгир Маҷидов панҷумин медали варзишгарони навраси тоҷик дар ин Бозиҳо ба шумор меравад. Дар ин бора ба “Озодӣ” Маҳмуд Абдуллоев, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон, рӯзи 11 июл аз шаҳри Якутски Русия хабар дод.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқот аз рӯи бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо ва ҷудо ширкат карда, ҳамагӣ панҷ медал – ду нуқра ва се биринҷӣ – ба даст оварданд.

Аввалин медалро дар ин Бозиҳо ба Тоҷикистон Шоҳрух Саидов овардааст. Ӯ дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 35 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шудааст.

Авзалшоҳи Ҳикматулло, ки дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 50 кг мақоми севумро касб кард, медали биринҷӣ гирифт. Сумая Қосимова (46 кг) ва Идимоҳ Холова (57 кг) дар мусобиқаи бокс миёни духтарон соҳибони медалҳои биринҷӣ гардиданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқаи ҷудо дар вазни 81 кг бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Русия то 16 июл идома меёбанд, беш аз 3300 варзишгари наврас аз 38 кишвар дар 22 намуди варзиш рақобат мекунанд.

Бозиҳои байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» бо ибтикори аввалин президенти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) Михаил Николаев сар аз соли 1996 барои бори шашум баргузор шудаанд.

Дар ин Бозиҳо дастаҳои мунтахаби кишварҳои узви Шӯрои олимпии Осиё, инчунин минтақаҳои Русия ва шаҳри Олимпи Қадимаи Ҷумҳурии Юнон иштирок мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG