Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо барои безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионӣ дар шимоли Тоҷикистон 7 миллион евро ҷудо кардааст.

Дар ин бора Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд рӯзи 11 уми июл дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд иттилоъ дод ва гуфт, ки ин маблағ дар чорчӯби барномаи безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии минтақаи шимоли Тоҷикистон бо мусоидати МАГАТЭ, Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ ихтисос дода шудааст. Кор аз нимаи дуввуми соли равон шурӯъ шуд ва бо ин маблағ партовгоҳҳои радиатсионии воқеъ дар мавзеъи Деҳмой ва шаҳрҳои Истиқлолу Бӯстон безарар гардонида мешаванд, афзуд Абдураҳмон Қодирӣ.

Ба таъкиди ӯ, дар чаҳорчӯби ин барнома, Тоҷикистон бо сармояву имкониятҳои фаннии худ корро аз тирамоҳи соли 2015 шурӯъ карда буд ва қисмате аз партовгоҳи радиатсионии Деҳмой, воқеъ дар канори Хуҷанд, бо беш аз ним метр хок рупӯш гардид.

Бино ба маълумоти расмӣ, партовгоҳи радиатсионии Деҳмой аз бузургтарин партовгоҳҳои боз дар Осиёи Марказӣ буда, дар он ҳудуди 36 миллион тонна партови дорои маводи радиоактив дар масоҳати беш аз 80 гектар хобидааст.

Партовгоҳи маводи радиоактив дар Истиқлол (Табошари собиқ)

Партовгоҳи маводи радиоактив дар Истиқлол (Табошари собиқ)

Аз нимаи дуюм то охирҳои солҳои 90-и асри гузашта корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” (“Востокредмет”-и собиқ), ки ба тавлиди урани хом ихтисос дошт, пасмондаҳои маводи дорои радиоактиви худро дар поёни теппаи Рухак мерехт. Дар маҳали партовгоҳ кӯли рангае ба вуҷуд омада буд, ки он партовҳои хатарнок ба ҷони одамон, ҳайвонот ва муҳити зистро ниҳон медошт. Ба гуфтаи мутахассисон, баъди қатъи фаъолияти корхонаи мазкур дар тахминан 20 соли пеш ин кӯли сунъӣ хушк шуда, шамолу боришот чангу хоки дорои маводи радиоктивро ба муҳити атроф паҳн мекарданд.

Қаюмҷон Маҳмудов, муовини аввали раиси шаҳри Бӯстон, ки то як моҳи қабл раҳбарии корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро бар дӯш дошт, рӯзи 11 уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир бо маблағи ироакардаи Иттиҳодияи Аврупо мутахассисони хориҷӣ, ки аз тариқи тендер интихоб шудаанд, ба таҳияи тарҳи безараргардонии партовгоҳҳо машғуланд. Барномаи бар пояи меъёрҳои ҷаҳонӣ безараргардонии партовгоҳи воқеъ дар канори шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ)-ро Иттиҳоди Аврупо тавассути ширкатҳое аз Олмон ва Бритониё ба ӯҳда гирифтаст. Тибқи барнома, таҳияи санади асосноксозии фанниву иқтисодӣ, арзёбии таъсири партовгоҳҳо ба муҳити зист ва безарарсозии ин ду партовгоҳ тирамоҳи соли гузашта оғоз шуда, ҳудуди 2 сол идома хоҳад кард, мегӯяд мусоҳиби мо.

XS
SM
MD
LG