Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Аскаров бо дархости СММ бозбинӣ мешавад


Азимҷон Аскаров
Азимҷон Аскаров

Додгоҳи Олии Қирғизистон рӯзи 11 июл ба бозбинии парвандаи ҷиноии Азимҷон Аскаров оғоз кард, ки барои барангехтани низои миллӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Азимҷон Аскаров шаҳрванди узбактабори Қирғизистон аст ва чун фаъоли ҳуқуқи башар ном баровардааст.

Бакит Асанов, хабарнигори қирғиз, ки дар мурофиаи ширкат дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа дар толори Додгоҳи Олӣ дар шаҳри Бишкек зери тадбирҳои шадиди амниятӣ баргузор шуд. Худи Азимҷон Аскаров дар толор набуд, вале бештар аз сад нафар рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои байналмиллалии муқими Бишкек, ҳамчунин дипломатҳои Амрикову Британия, Шветсарияву Фаронса дар толор ҳузур доштанд.

“Худи Аскаров дар толор набуд, вале дархости вакилони мудофеи вай аз қозии додгоҳ дар бораи ширкаташ ҳамчунон ба эътибори худ боқӣ мондааст. Лепес Темирбеков, қозии додгоҳ изҳор дошт, ки агар зарурат пеш ояд, Аскаровро бо толори додгоҳ меоранд. Ба гуфтаи вай, ҳангоми бозбинии парванда ширкати маҳкумшуда ҳатмӣ нест”, мегӯяд Бакит Асанов.

Бозбинии парвандаи Аскаров дар Додгоҳи Олӣ
Бозбинии парвандаи Аскаров дар Додгоҳи Олӣ

Аз ин пеш хабар расида буд, ки бозбинии парвандаи Аскаров бо дархости ӯ ва вакилони мудофеаш сурат мегирад ва дар парванда шароит ё масъалаҳои нав пеш омадааст. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ин шароити нав ба дархости Кумитаи ҳуқуқи башари СММ иртибот дорад. 21 апрели соли 2016 ин кумита изҳор намуд, ки ба дархости Аскаров бояд ҳарчӣ зудтар расидагии бетарафона сурат бигирад. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ талаб дорад, ки Аскаров фавран аз зиндон раҳо шавад ва мақомоти Қирғизистон ба ӯ ҷуброн пардохт кунанд.

Кумита бар ин ақида аст, ки Қирғизистон бояд тасмими СММ-ро бипазирад - ҳомиёни ҳуқуқи башар намехоҳанд дар ин мавзӯъ бо мақомоти расмии Қирғизистон вориди баҳс шавад.

Бино ба қарори СММ, боздошти Азимҷон Аскаров ғайриқонунӣ аст ва вай мавриди шиканҷаву озор қарор мегирад.

Фаъолони ҳуқуқи башари Қирғизистон аз ин тасмими СММ истиқбол карданд.

Аммо Сапар Исҳоқов, раҳбари бахши сиёсати хориҷаи дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон ба матбуот гуфтааст, ки “додгоҳ дар Қирғизистон мустақил аст ва мақомоти расмӣ наметавонанд ба тасмими он таъсир расонанд”. “Аз нигоҳи мо, ҳамаи ҷаҳон бар ҷараёни ин мурофиа назорат мекунад ва мо ҳам бояд ҳамаҷониба назорат кунем ва ҳар тасмимеро, ки додгоҳ мегирад, мо онро бояд қабул кунем”, афзудааст мансабдори қирғиз.

Вакилони мудофеи Аскаров мегӯянд, ки агар зерҳимояти онҳо бегуноҳ эълон нашавад ва ӯро аз зиндон раҳо накунанд, шиканҷааш идома меёбад ва ба ин васила эътибори байналмиллалии Қирғизистон поин меравад, зеро ба парвандаи Аскаров маҳофили байналмиллалӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Азимҷон Аскаров барои даст доштан дар бархӯрдҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон дар соли 2010 ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Дар ин даргириҳо 450 нафар кушта шуда буданд, ки аксарашон узбакҳо буданд. Аскаровро ҳамчунин дар даст доштан дар куштори як корманди пулис айбдор мекунанд. Созмони Афви Байналмиллал Аскаровро «зиндонии виҷдон» номид.

XS
SM
MD
LG