Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

7 нафари дигар дар робита бо таркиш дар Туркия боздошт шуданд


Додгоҳи Туркия 7 нафари дигар аз афроди гумонбарро дар робита бо таркиши моҳи гузашта дар фурудгоҳи Истамбул боздошт кардааст. Ба ин тартиб, шумораи боздоштшудагон дар робита бо ин таркиш ба 37 нафар расидааст. Дар ин бора матбуоти Туркия гузориш додааст.

Хабаргузории давлатии Анадолу 11 июл гуфт, ки 7 гумонбари дигар ба иттиҳоми узвият “дар як гурӯҳи террористӣ” ва даст доштан дар куштор боздошт шудаанд. Хабаргузории хусусии Доган гуфтааст, ки ҳамаи ин 7 нафар шаби 10 июл боздошт шудаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

28 июн дар фурудгоҳи Отатурки Истамбул таркиш рух дод ва дар он 45 нафар кушта, 240 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар душ нагирифтааст, вале Туркия онро кори дасти гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ медонад.

Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия эълон кард, ки аъзои гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ аз кишварҳои Шӯравии пешин дар ин ҳамла даст доранд.

Матбуоти Туркия аз номи як мақоми расмии Туркия, ки аз вай ном бурда намешавад, гузориш дод, ки ҳамлакунандагон шаҳрвандони Русияву Узбакистон ва Қирғизистон будаанд.

XS
SM
MD
LG