Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сумая Қосимова ва Идимоҳ Холова, варзишгарони навраси тоҷик, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар Ёқутистони Русия дар мусобиқаи бокс миёни духтарон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд.

Ҳарду маштзани навраси тоҷик ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфта буданд. Вале онҳо дар қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ, ки рӯзи 10 июл баргузор шуданд, аз рақибони худ аз Русия шикаст хӯрда, дар натиҷа ҷойҳои севумро азони худ карданд. Сумая Қосимова дар вазни то 46 кг қувваозмоиро ба ЛидияТаскаева бохт. Идимоҳ Холова бошад, дар вазни то 57 кг аз Алёна Касянова мағлуб гашт.

Бояд гуфт, ки ҳарду шогирдони Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012, мебошанд ва дар ин Бозиҳо ҳамроҳи мураббиашон ширкат доранд.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» беш аз 20 варзишгари навраси тоҷик дар мусобиқот аз рӯи бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо ва ҷудо ширкат меварзанд. То имрӯз варзишгарони тоҷик дар ин Бозиҳо чор медал – як нуқра ва се биринҷӣ –гирифтаанд.

Аввалин медалро дар ин Бозиҳо ба Тоҷикистон Шоҳрух Саидов овардааст. Ӯ дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 35 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шудааст.

Авзалшоҳи Ҳикматулло, ки дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 50 кг мақоми севумро касб кард, медали биринҷӣ гирифт. Сумая Қосимова ва Идимоҳ Холова дар мусобиқаи бокс миёни духтарон соҳибони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Варзишгарони навраси тоҷик боз дар намуд - ҷудо ва самбо – ширкат доранд. Мусобиқаҳо аз рӯи ин намудҳо имрӯз, 11 июл, ба анҷом мерасанд.

Дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки 6 июл дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Русия шуруъ шуданд, беш аз 3300 варзишгари наврас аз 38 кишвар барои 321 маҷмӯи медалҳо тӯли 11 рӯз мубориза мебаранд. Ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш дохил аcт.

Дар ҳамин ҳол ҳамагӣ 26 даста медалҳои Бозиҳоро ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медал (як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 43 даста дар ҷойи 22-юм қарор дорад. Ду медали биринҷии мунтахаби Тоҷикистон баъди супурдани онҳо ба духтарони муштзан дар рӯзи маросими супурдани ҷоизаҳо дар риштаи бокс ба ҳисоб гирифта мешавад.

Бозиҳои байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» бо ибтикори аввалин президенти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) Михаил Николаев сар аз соли 1996 барои бори шашум баргузор шудаанд.

Дар ин Бозиҳо дастаҳои мунтахаби кишварҳои узви Шӯрои олимпии Осиё, инчунин минтақаҳои Русия ва шаҳри Олимпи Қадимаи Ҷумҳурии Юнон иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG