Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Хатлон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 210 сокини ин вилоят дар ҳайати "Давлати исломӣ" дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад – раисиҷумҳури Сурия – иштирок доранд. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, 11 июл ҳангоми натиҷагирӣ аз кори шашмоҳаи ҳукуматаш гуфт, аксари ин афрод ҷавон буда, баъзеашон бо зану кӯдакони худ то онҷо рафтаанд.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми ҳукумати Хатлон ба Озодӣ гуфт, теъдоди умумии сокинони ин вилоят дар майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия ба бештар аз 230 нафар мерасад. "Ним сол пештар ин рақам қариб ба 300 нафар баробар буд, вале дар ин муддат хабари кушта шудани беш аз 30 нафари онҳо расидааст," – афзуд мусоҳиби мо.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мегӯяд, ин мавзуъ ба ҳарчӣ бештар ифротӣ шудани ҷавонон натанҳо дар Хатлон, балки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон рабт мегирад ва аз сокинону хабарнигорон хост, ки барои ҷилавгирӣ аз пайвастани онҳо ба созмону гуруҳҳои ифротӣ даст ба кор шаванд. "Мақомоти умури дохилӣ фолбин нестанд, ки пеши роҳи ҳамаро бигиранд. Дар танҳоӣ кор карданашон имкон надорад. Аз хабарнигорон низ даъват мекунем, ки барои пешгирӣ аз ифротгароии сокинон саҳм бигиранд," – гуфт раиси Хатлон.

Тибқи омори расмӣ, ҳоло аз Тоҷикистон 1094 нафар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафта ва ҳудуди 150 тани онҳо то имрӯз дар он ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

Барои пешгирӣ аз идомаи рафтани шаҳрвандон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар дар Кодекси ҷиноӣ банди нави 406-умро илова шудааст, ки барои зархаридӣ ва иштирок дар ҷангҳои бегона то 12 соли зиндонро дар назар дорад. Аммо мақомот мегӯянд, касе бо хоҳиши худ баргашта ва собиқаи ҷиноӣ надошта бошад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Бар асоси ин пешниҳоди мақомот 19 сокини Хатлон низ аз ҷангҳои Сурия ва Ироқ баргашта ва мавриди афв қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тоҷик мегӯянд, ки тайи моҳҳои охир ҷалби шаҳрвандони кишвар ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ховари Миёна камтар шудааст.

Худойбердӣ Холиқназаров, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, рӯзи 11 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "хушбахтона, омори як соли охир нишон медиҳанд, ки “Давлати исломӣ” нерӯяшро аз даст дода истодааст. Агар рӯзҳои наздик шаҳри Раққа аз дасти онҳо озод карда шавад, аз ин ба баъд метавон гуфт, ки "Давлати исломӣ" нест мешавад."

Вале қаблан Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд), як ҷангии тоҷик, бо интишори навори видео дар Интернет гуфта буд, ки онҳо ҳанӯз нерӯяшонро аз даст надодаанд ва ба ҷанги худ идома хоҳанд дод.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қаламравҳои бузурге дар Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном "хилофат" кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба дигарандешон ва асирон, аз ҷумла бо зинда зинда сӯзондану зери хок кардани онҳо ном баровардааст.

Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб ба раҳбарии Амрико эътилофи байналмилалиеро таъсис додаанд, ки мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад ва нирӯҳои чирикиро дар Сурияву артиши давлатиро дар Ироқ алайҳи ин гурӯҳи тундрав таъмини силоҳ мекунад.

XS
SM
MD
LG