Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши бозии Фаронса ва Португалия рӯи экранҳои бузург дар Фархор


Садҳо мухлиси футбол, аз ҷумла занон, дар Фархор бозии тими мунтахаби Фаронса ва Португалияро дар Ҷоми Аврупо аз рӯи экранҳои бузург дар маркази ин ноҳия тамошо карданд. Мақомот гуфтанд, ки аз ин ба баъд бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон низ аз ин экранҳо намоиш дода хоҳанд шуд.

Тоҷиддин Вадудов, аз ташкилкунандаҳои ин маросим, 11 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "ҳатто ҷавонҳое, ки бекор буданду шабона дар кӯчаҳо гаштугузор мекарданд, ба ин майдон омаданд ва футболи Аврупоро тамошо карданд." Ба қавли Вадудов, ин саҳна бо дастури раиси ноҳияи Фархор ташкил шуда ва барои тамошои футбол ҳатто занон низ омадаанд.

"Умед надоштем, ки ҳазорон нафар барои тамошои футболи Аврупо ҷамъ меоянд. Аммо таҷруба нишон дод, ки ба чунин ҷойҳо ҳатто занони солдида низ хоҳанд омад," – афзуд ӯ.

Дилафрӯз Шамсиева
Дилафрӯз Шамсиева

Дилафрӯз Шамсиева, сокини 60-солаи Фархор, гуфт, аз соли 1976 боз ба тамошои футбол шавқ дорад ва бидуни танаффус бозиҳоро дар дохилу хориҷ пайгирӣ мекунад. "Соли 1976, вақте бемори вазнин шудам, як гурӯҳ аз футболбозони дастаи "Ҳосилот" барои наҷоти ман хун доданд. Аз ҳамон рӯз шавқам ба футбол ва эҳтиромам ба футболбозон бештар шуд. Бо огоҳ шудани ин майдон хеста ба маркази ноҳия омадам ва бо халқ якҷоя бозии тимҳои Фаронса ва португалияро тамошо кардам," - мегӯяд ӯ.

Португалия қаҳрамони Аврупо шуд

Дастаи мунтахаби футболи Португалия, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими миллии Фаронса дар замони изофӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони Аврупо даст ёфт. Бозии ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо шаби 10 ба 11 июл дар варзишгоҳи "Стад де Франс", дар шаҳри Сен-Дении наздикии Париж, миёни дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Португалия бо ҳузури беш аз 80 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Доварони ин бозӣ бо раҳбарии Марк Клаттенбург аз Англия буданд.

Бояд гуфт, ки капитани мунтахаби Португалия Криштиану Роналду, ки зонуяш сахт лат хӯрда буд, натавонист бозиро идома бидиҳад ва дар дақиқаи 24-ум ноилоҷ майдонро тарк кард.

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Бар

асоси дастури мусобиқот 30 дақиқа замони изофӣ (ду бахши 15-дақиқаӣ) таъин шуд. Голи ягона ва ҳалкунандаро Эдер дар дақиқаи 109-ум бо зарбаи сахту олиҷаноб аз масофаи дур зад.

Ба ин тартиб, мунтахаби Португалия (сармураббии даста Фернанду Сантуш) барои аввалин бор бо Ҷоми қаҳрамони Аврупо ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Аз ин пеш португалиҳо соли 2004 дар бозии ниҳоӣ дар майдони худ аз тими миллии Юнон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буданд.

Ба мунтахаби Фаронса (сармураббии даста Диде Дешам) медалҳои нуқра супурда шуд. Фаронсавиҳо ду бор - солҳои 1984 ва 2000-ум - ба унвони қаҳрамони Аврупо мушарраф шуда буданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо, ки аз соли 1960 баргузор мешавад, аз ҳама бештар ду дастаи мунтахаб – Олмон ва Испания – себорӣ ғолиб шудаанд. Испания ягона дастаест, ки ду бор пайиҳам қаҳрамони Аврупо гаштааст.

Қаҳрамонҳои Аврупо оид ба футбол:

1960 - СССР

1964 - Испания

1968 - Италия

1972 - Олмон

1976 - Чехословакия

1980 - Олмон

1984 - Фаронса

1988 - Ҳолланд

1992 - Дания

1996 - Олмон

2000 - Фаронса

2004 - Юнон

2008 - Испания

2012 - Испания

2016 - Португалия

XS
SM
MD
LG