Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия: НАТО ба таҳдиди набуда тамаркуз кардааст


Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия

Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия

Русия гуфт, нишасти НАТО нишон медиҳад, ки ин паймони низомӣ талошҳояшро рӯи таҳдиди набуда аз сӯи Русия тамаркуз кардааст. Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи 10 июл дар як баёния гуфт, Маскав рӯзи 13 июл дар нишасти Шӯрои НАТО-Русия шарҳи нақшаҳои ин паймонро хоҳад хост. Маскав гуфт, аз НАТО ҳамчунин шарҳи нақшаи Финландия дар мавриди беҳбуди низоми дифои ҳавоӣ дар ҳарими баҳри Балтикро мехоҳад. Дар нишасти НАТО дар Варшава аъзои ин паймони низомӣ ҷиҳати истиқрори то 1000 нирӯ дар Лаҳистон, Эстония, Литва ва Латвия, ки бо Русия марзи мустақим доранд, тавофуқ карданд. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг истиқрори ин 4 баталйонро, ки аз замони ҷанги сард бесобиқа аст, як навъ посух ба кумаки Русия ба ҷудоиталабон дар шарқи Украина ва тасарруфи Қрим номид.

XS
SM
MD
LG