Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Украина


Акс аз сомонаи пулиси вилояти Киев
Акс аз сомонаи пулиси вилояти Киев

Пулиси вилояти Киеви Украина хабар дод, ки рӯзи 7 июл дар ҳудуди совхозе дар наздикии шаҳри Бориспол 10 муҳоҷири ғайриқонуниро дастгир кардааст. 5 нафари онҳо шаҳрвандони Узбакистон, 4 нафар аз Тоҷикистон ва якеи дигар аз Қирғизистон будаанд. Пулис мегӯяд, ҳеҷ кадоми онҳо бо худ ҳуҷҷате надошт, ки ҳаққи будубошашон дар қаламрави Украинаро тасдиқ кунад. Ин 10 муҳоҷирро ба боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Чернигов интиқол додаанд. Пулис мегӯяд, ки онҳоро аз қаламрави Украина ихроҷ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG