Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама як рӯзи сафарашро кӯтоҳ кард


Раисиҷумҳури Амрико сафараш ба Испанияро кӯтоҳ карда, ба далели бӯҳрони тирандозиҳои марбут ба масъалаи нажодӣ ба Амрико бармегардад. Барак Обама рӯзи 10 июл дар Мадрид бо шоҳи Испания Филипи шашум ва сарвазир Мариано Рахой мулоқот мекунад. Ӯ ҳамчунин аз пойгоҳи баҳрии Рота дар ҷануби Испания боздид мекунад. Вале дар пайи ҳамла ба пулис дар шаҳри Далласи аёлати Техас Обама сафараш ба Испанияро як рӯз кӯтоҳтар мекунад.

Обама ин ҳамларо “амали зишт” хонда, аз амрикоиҳо даъват кард, то дар муқобили хушунат аз як гиребон сар бароранд ва “имкон надиҳанд, то амали чанд нафар ҳамаи моро аз ҳам ҷудо кунанд.” Мақомот мегӯянд, рӯзи 7 июл сарбози артиши захиравии Амрико Мика Ҷонсони 25-солаи африқоитабор дар Даллас 5 афсари пулисро кушт. Ин ҳамла дар пайи болои ду сиёҳпӯст тир кушодани пулис дар Миннесота ва Луизиана рух дод. Ҷонсон қабл аз кушта шуданаш аз сӯи пулис гуфт, ба далели болои сиёҳпӯстон тир кушодани пулис “сафедпӯстонро ҳадаф гирифтааст.”

XS
SM
MD
LG