Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду халабони Русия дар Сурия кушта шуданд


Рафоқат Ҳабибуллин

Рафоқат Ҳабибуллин

Русия гуфт, дар натиҷаи суқути як чархбол дар наздикии шаҳри Палмираи Сурия ду низомии рус ҳалок шудаанд. Ин ҷамъи сарбозони кушташудаи Русия дар Сурияро ба 13 нафар мерасонад. Вазорати дифои Русия дар баёнияаш гуфт, ин чархболи марбут ба Сурияро рӯзи 8 июл ҳангоми парвози озмоишӣ ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” суқут додаанд ва дар натиҷа халабонҳои он Рафоқат Ҳабибуллин ва Евгений Долгин ҳалок шуданд. Бино ба ин манбаъ, ҳайъати чархбол аз сӯи нирӯҳои Сурия барои анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ болои “таҷаммӯи бузурги ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”, ки болои нирӯҳои давлатӣ дар шарқи Палмира ҳамла мекарданд, дархост гирифта буд ва замоне суқут дода шуд, ки тамоми тирҳояшро сарф карда, ба пойгоҳ бармегашт. Хабаргузориҳои русӣ аз қавли мақомоти низомӣ хабар доданд, ки ин ҳодиса дар вилояти Ҳумс рух додааст. Русия аз моҳи сентябри соли 2015 барои кумак ба нирӯҳои содиқ ба президент Башор Асад даст ба амалиёти низомӣ дар Сурия задааст.

XS
SM
MD
LG