Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои Ироқ фурудгоҳи муҳими Қаёраро аз дасти гурӯҳи ҷангҷӯи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) пас гирифтанд. Давлат ин пешрафтро қадами бузург дар роҳи оғози амалиёти деринтизор барои касби назорат бар шаҳри Мосул дар шимоли Ироқ меномад. Сарвазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ пойгоҳи ҳавоии Қаёраро “пойгоҳи муҳим барои озод кардани Мосул” номид ва аз сокинони Мосул хост, ки “барои озодии маҳалҳои зисташон омода бошанд.” Мосул – дувумин шаҳри бузурги Ироқ – дар тобистони соли 2014 ҳамроҳ бо бахшҳои бузурги қаламрави шимол ва ғарби Ироқ ба дасти “Давлати исломӣ” гузашт. Моҳи июн нирӯҳои Ироқ шаҳри Фаллуҷаро, ки “пойтахт”-и “Давлати исломӣ” дар Ироқ маҳсуб мешуд, ба даст оварданд. Омодагӣ ба амалиёти Мосул аз моҳи март ба ин сӯ идома дорад, вале Бағдод ҳанӯз эълон накардааст, ки ин амалиётро кай шурӯъ хоҳад кард?

XS
SM
MD
LG