Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини Блейер: Ҷанги Ироқ қонунӣ набуд


Ҷон Прескотт

Ҷон Прескотт

Муовини собиқи сарвазири Бритониё Ҷон Прескотт ҳамлаи соли 2003 ба Ироқро хилофи ҳуқуқи байналмилалӣ ва “ғайриқонунӣ” номид. Таҳқиқоти ҳафтсолаи ҷанги Ироқ рӯзи 6 июл ба натиҷае расид, ки тавҷеҳҳо, барномарезӣ ва тарзи анҷоми ҷанги Ироқ аз сӯи сарвазири вақти Бритониё Тони Блейер ҳамроҳ бо як даста иштибоҳҳо сурат гирифтааст. Вале ин таҳқиқот хулоса набаровард, ки ҷанг қонунӣ буд ё хайр? Прескотт, ки соли 2003 муовини Блейер буд, дар як матлаб дар нашрияи “Sunday Mirror” навишт, ки ӯ тамоми боқии умраш бо бори гарони ин “қарори фалокатбор” ба сар хоҳад бурд. Прескотт гуфт, ҳоло назари ӯ дар бораи машрӯияти ҷанги Ироқ тағйир ёфтааст. Ӯ аз Блейер интиқод кард, ки вазиронашро аз баҳси масъалаи қонунияти он ҷанг манъ мекард. Дар 6 соли ҷанги Ироқ 179 сарбози Бритониё ва беш аз 150 ҳҳазор аз сокинони мулкии Ироқ кушта шуданд. Прескотт гуфт, ӯ аз пешниҳоди раҳбари кунунии ҳизби коргар Ҷереми Корбин барои аз номи ҳизб узр хостан барои ҷанги Ироқро тарафдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG