Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ду дипломати Амрикоро ихроҷ кард


Сафорати Амрико дар Маскав

Сафорати Амрико дар Маскав

Вазорати хориҷаи Русия гуфт, моҳи гузашта дар посух ба иқдоми, ба гуфтаи Маскав, “ғайридӯстона”-и Вошингтон, ду дипломати Амрикоро аз Маскав ихроҷ кардааст. Ин иқдом дар пасманзари амиқтар шудани баҳси дипломатӣ байни ин ду кишвар аст. Ихроҷи дутарафаи дипломатҳо аз сӯи Амрикову Русия ба таҷрибаи даврони ҷанги сард бармегардад, вале чунин мавридҳо дар чанд соли охир мушоҳида намешуд. Ин иқдом ҳамчунин ба таври афзоянда шиддат гирифтани равобити Маскаву Вошингтонро нишон медиҳад. Муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков дар баёнияе гуфт, яке аз амрикоиҳои ихроҷшуда дар қазияи омада бар сари посбони рус дар наздикии даромадгоҳи сафорати Амрико дар Маскав даст дошт. Рябков ин дипломати амрикоиро “авбош” номид. Дипломати дувум, ба гуфтаи ӯ, “ҳамчунин маъмури Идораи марказии ҷосусии Амрико буд.” Ин баёния як рӯз баъд аз он аст, ки Амрико гуфт, дар посух ба ҳодисаи хушунатомези рӯзи 6 июн рухдода дар Маскав ду мақоми Русияро берун кардааст.

XS
SM
MD
LG