Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, рӯзи 7 июл аз як ширкати сохтмонии шаҳри Маскав 430 ҳазор рубл, муодили 6700 доллар, қарзи маоши 10 муҳоҷири тоҷикро рӯёндаанд. Сокини шаҳри Турсунзода Ҳомидҷон Хоҷаниёзов ба ин идора шикоят карда буд, ки ширкат пули коркардаи бригадаи онҳоро бо ҳар баҳона намедиҳад. Дар натиҷаи музокирот ширкат розӣ шудааст, ки пули коргаронашро пурра пардохт кунад. Сухангӯи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмад мегӯяд, аз аввали сол бо миёнавиии ин идора 21 миллиону 208 600 рубл, баробари тақрибан 325 ҳазор доллар маблағҳои коркардаи муҳоҷирони тоҷикро тавонистаанд аз корфармоёни онҳо пас бигиранд.

XS
SM
MD
LG