Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мӯсафеди 80-сола барои дуздӣ


Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як марди 80-сола бо иттиҳоми дуздӣ хабар дод. Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи ин вазорат, як марди 80-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дуздии телефони “Самсунг” айбдор мешавад. Бино ба ин манбаъ, рӯзи 2 июл “бо роҳи пинҳонӣ аз дӯкони фурӯши лавозимоти конселярии ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-5”, ки арзишаш 2200 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.» Дар натиҷаи ҷустуҷӯ ҳамчун гумонбар ҳамин марди 80-сола дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG