Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 9 июл бо ташаббуси ҷамъиятҳои тоҷикони кишвари Краснояски Русия дар ҷазираи Татишев дар канори шаҳри Красноярск “Сайри лола” баргузор мешавад. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ин ид аслан дар фасли баҳор таҷлил мешавад, вале бо назардошти табиати сарди Сибир, тоҷикони Красноярск “Сайри лола”-ро дар тобистон барпо мекунанд. Дар чорчӯби ҷашн барномаҳои консертии ҷамъияти миллии сокини Красноярск, мусобиқаи гуштигирӣ доир шуда, меҳмонон ҳамчунин аз ғизоҳои миллии мардуми тоҷик хоҳанд чашид. Интизор меравад, дар “Сайри лола”-и тоҷикони Красноярск муовини волӣ Сергей Пономаренко ширкат ва суханронӣ кунад.

XS
SM
MD
LG