Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон маросими дафни Абдулсаттор Идҳӣ, муассиси бузургтарин созмони хайрияи ин кишвар, ки дар зиндагиаш бисёриҳо ӯро “шахси муқаддас” ва “фариштаи савоб” меномиданд, дар сатҳи давлатӣ доир шуд. Идҳӣ шоми 8 июл дар синни 88 дар бемористони Карочӣ даргузашт. Марги ӯ дар Покистон ва берун аз он мавҷи андӯҳро ба бор овард. Сарвазири Покистон Навоз Шариф Абдулсаттор Идҳиро “хидматгори бузурги аҳли башар” ба қалам дод. Ӯ беш аз 60 соли умрашро сарфи корҳои хайрия кард, вале ҳамагӣ ду ҷуфт либос дошт ва дар як ҳуҷраи бидуни тиреза дар назди дафтараш ба сар мебурд. Бар асари маризӣ ҳарду гурдаи Идҳӣ аз кор монд, вале ӯ пешниҳоди ҳукумат барои табобаташ дар хориҷи Покистонро напазируфт ва гуфт, мехоҳад дар як бемористи ҷамъиятӣ дар худи Покистон табобат шавад. Сандуқи хайрияи Идҳӣ дар саросари Покистон силсилаи бемористонҳо ва ятимхонаҳоро боз карда буд.

Дар бораи зиндагӣ ва амалҳои хайри Идҳӣ инҷо маълумоти бештар метавонед пайдо кунед:

"Фариштаи савоб"

XS
SM
MD
LG