Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони паймони низомии НАТО дар нишасти Варшава ҷиҳати дар соли 2017 низ идома додани тамрини нирӯҳои амниятии Афғонистон тавофуқ карданд. Ба ин тартиб маъмурияти НАТО дар Афғонистон, ки ба гуфтаи дабири кулли ин паймони низомӣ Йенс Столтенберг, бо гузашти 15 сол аз суқути Толибон “то ҳол ба бесуботӣ ва хушунатҳо рӯбарӯст”, тамдид шуд. Столтенберг ин хабарро дар рӯзи дувум ва ниҳоии нишасти сарони НАТО эълон кард. Ӯ баъди мулоқоти сарони НАТО бо раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва сарвазираш Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, нирӯҳои афғон “дар кӯтоҳмуддат” то соли 2020 ҳар сол то 5 миллиард доллар маблағгузорӣ хоҳанд шуд. 4 миллиарди инро Амрико медиҳад. Столтенберг гуфт, шумори нирӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон дар соли 2017 дар сатҳи кунуниаш – “ҳудуди 12 ҳазор” – нигоҳ дошта мешаванд. Рӯзи якуми нишасти НАТО бештар рӯи нақшаи истиқрори нирӯҳо дар кишварҳои узви НАТО дар наздикии марз бо Русия тамаркуз карда буд.

XS
SM
MD
LG